Июн 12, 2022 16:50 Asia/Dushanbe
  • Инҳидоми анбори бузурги таслиҳотии ғарб дар Украина аз сӯи Русия
    Инҳидоми анбори бузурги таслиҳотии ғарб дар Украина аз сӯи Русия

Вазорати дифоъи Русия аз инҳидоми анбори бузурги таслиҳоти ғарбиҳо дар ғарбӣ Украина аз сӯи нерӯҳои русӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифоъи Русия имрӯз якшанбе эълом кард, ки нерӯҳои рус як анбори бузург аз силоҳҳои амрикоӣ ва аврупоӣ дар вилояти Тернопол дар ғарбӣ Украинаро бо шилики мушакҳои куруз колибер мунҳадим карданд.

Вазорати дифоъи Русия ҳамчунин аз инҳидоми се фарванд ҷети ҷангӣ Суху-25 Украина дар наздики вилоятҳои Донетс ва Харков дар шарқи Украина хабар дод.

Аз замони оғози амалиёти низомии Русия дар Украина, нерӯҳои рус дар маҷмӯъ 195 фарванд ҳавопаймо, 130 фарванд болгард, 1168 фарванд паҳпод, 336 сомонаи мушакии зидди ҳавоӣ, 3484 дастгоҳ тонк ва дигар мошинҳои зиреҳи, 499 мушакандози чандгона, 1843 қабза туп ва хумпора ва ҳамчунин 3528 мошини низомии вижаро мунҳадим карданд.

Ҳамзамон бо дархостҳои пай дар пайи Украина барои пайвастан бо НАТО ва дарёфти кумакҳои чандинмиллион долларии ин кишвар аз ғарбиҳо ва дар пайи таҳарукоти ахири ғарб дар наздики марзи Русия Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии ин кишвар 24 феврал дар посух ба дархости кумаки низомии сарони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск дар шақри Украина дастури ҳамлаи низомӣ дар минтақаи Донбассро содир кард, баъд аз он ҷангандаҳо ва тупхонаҳо ва сомонаҳои мушакии Русия мавозеъи низомии Украинаро ҳадаф қарор доданд.

Путин таъкид карда аст ин ҳамала ба манзалаи муқобила бо фашизм ва халъи силоҳи ин кишвар аст.

Раиси Ҷумҳурии Русия ҳамчунин ҳушдор дода аст, ки иқдоми кишварҳои ғарбӣ дар ирсоли силоҳ ва муздур ба Украина ин кишварро ба хун мекашад.

Маскав токунӯн борҳо ба кишварҳои ғарбӣ дар бораи мусаллаҳ кардани Украина ва низ бетаваҷҷуҳи ба нақзи ҳуқуқи башар ва ҳамалоти нерӯҳои украинӣ ба сокинони рустабор дар шарқи Украина ҳушдор дода аст.

Кишварҳои ғарбӣ ба вижа Амрико дар солҳои гузашта аз давлати Украина ҳимоятҳои моллӣ ва низомии густардае дошт ва пас аз шурӯъи даргириҳо дар ин кишвар низ ба ҳимоятҳои худ дар канори эъзоми муздур идома доданд.

 

Барчасп