Таҳлил: Ҳушдор дар бораи шикоф ва дудастагии бесобиқаи Амрико
Ҳенри Киссинҷер вазири умури хориҷаи асбақи Амрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Таймз таъкид кард кишвараш беш аз ҳар замони дигар дучори шикофа ва дудастагӣ шудааст.
Вай дар посух ба саволе дар ин бора, ки оё муътақид аст, шикофаҳо дар ҷомеъаи Амрико ҳамакнӯн беш аз даврони ҷанги Ветнам аст, баён дошт: Бале қатъан, шикофаҳо дар ҷомеъаи амрикоӣ дар шароити кунӯни қобили муқоиса ба даврони ҷанги Ветнам нест ва бисёр бештар шудааст.
Киссинҷер афзӯд: Дар аввоили даҳҳаи ҳафтоди мелодӣ, ҳамкори миёни ду ҳизби Демокрот ва Ҷумҳӯрихоҳ ҳамчунон мумкин буд. Дар он замон мубҳис " манофеъи милли Амрико" маъно ва маҳфум ва дошт ва худаш мавзӯъи баҳс ва барраси ва тарҳи шубаҳот набуд.
Ҳушдори Киссинҷер дар бораи дудастагӣ ва афзоиши қобили мулоҳизаи шикофаҳо ва ихтилофоти дохили бо таваҷҷӯҳ ба вуҷӯди ихтилофоти гуногӯн байни ду ҳизби аслии Амрико яъне Ҷумҳӯрихоҳ ва Демокрот аз як тараф ва дидгоҳои гуногӯн ва ағлаб мутаъориз дар бораи масоъили сиёсати дохилӣ ва сиёсати хориҷии Амрико, ки сабаби ташддиди оро ва тардидҳо дар тасмимгириҳо шуда, иброз шудааст.
Дар барҳаи кунӯни ҳатто дар бораи мафҳуми манофеъи миллии Амрико ихтилофи назари асоси дар дастгоҳи ҳокимияти Иёлоти Муттаҳида бурӯз пайдо кардааст, намоди ин амр, рӯйкарди комилан мутафовити Доналд Тромп раиси ҷумҳӯри собиқи Ҷумҳӯрихоҳи Амрико дар бораи мафоҳими монанди ҳамгароии фароаталантики ва лузуми ҳимояти комили Амрико аз НАТО буд, ки то қабл аз он умури бадеҳи ва ғайри қобили хадша талқи мешуд, аммо Тромп бо рӯйкарди интиқодӣ ва вогироёнаи худ заминаи ҷудоӣ ва ихтилофи бесобиқа байни ду тарафи уқёнуси Атласро фароҳам карда ҳатто ҷанги тиҷориро бо Аврупо ба баҳонаи суйистифодаи кишварҳои аврупоӣ аз Иёлоти Муттаҳида оғоз кард. Зимни ин ки Тромп бо зери савол бурдани фалсафаи вуҷӯди НАТО хоҳони коҳиши бори моллии он барои Амрико ва афзоиши мушорикати аврупоиҳо дар таъмини ҳазинаҳои ин Созмони низомии ғарбӣ шуд. Дар муқобил Ҷу Бойден раиси ҷумҳӯри демокрот ва давлати вай руйкарде бар хилофи нигариши Тромп иттихоз карда ва талоши густардаеро барои эҳёи ҳамгароии фароатлантики ва низ тақвияти НАТО сурат додааст. Ба наҳве, ки шумори низомиёни амрикоии мустақар дар Аврупо акнӯн бисёр бештар аз давраи Тромп шудааст.
Дар арсаи дохилии Амрико ҳам даргири масоъили мухталифе монанди сиқти ҷанин ва наҳваи бархӯрд бо муҳоҷирони ғайри қонунӣ ва ҳаққи рай диҳи ва ислоҳи қавонини интихоботи ва эҷоди маҳдудият дар заминаи ҳамли силоҳи гарм маҳали ҷидоли байни ҷумҳурихоҳон ва демокротҳо аст. Дар арсаи сиёсати хориҷӣ низ масоъили мухталифи монанди наҳваи вокуниши Амрико ба ҷанги Украина ва моҳияти наҳваи мувоҷеҳ бо қудратҳои байналмиллалии рақиби Амрико яъне Русия ва Чин, масъалаи тавофуқи ҳастаии БарҶом ва чигунагии бархурд бо муттаҳидони минтақаӣ Амрико дар Ғарбӣ Осиё ба вижа Арабистон Саъудӣ ва ҷанги Яман ба маҳмалае барои ихтилофи байни сиёсатмадорони амрикоӣ табдтил шудааст. Ба ҳамин далел Ҳенри Кессинҷер муътақид аст давлати Амрико дар шароити кунӯни аз ҳар тарфе, ки бошад бо мухолифони худ дар бахшҳои муътаддид дар вазъияти даргирии мудовом қарор дорад.
Барои айни шудани ин амр бояд ба ихтилофоти кунӯни дар дастгоҳи ҳокимияти Амрико дар бораи бӯҳрони Украина ва наҳваи бархурди Вашингтон бо он ишора кард. Дар ҳоле, ки сиёсати расмии давлати Бойден тадовуми кумакҳои густардаи моллӣ, низомӣ ва таслиҳоте бар Украина барои ҷанг бо Русия аст, аммо дар пушти парда ихтилофи назари чашмгире байни мақомоти амрикоӣ дар ин замина вуҷӯд дорад. Дар воқеъ Ҷу Бойден байни пойбанде ба таблиғони расми ва алании давлаташ мабни бар инки сиёсати Иёлоти Муттаҳида кумак ба Украина барои пирӯзи дар ҷанг бо Русия аст ва мабоҳиси пушти саҳна дар Шӯрои амнияти миллии Амрико мабни бар эҳтимоли ками пирӯзии Украина ва дар натиҷа ёфтани роҳе барои поён додани ҷанги кунӯн дучори тардид аст.
Давид Ти Пойн коршиноси амниятӣ дар ин замина мегӯяд: Зоҳиран дар гурӯҳи амнияти миллии давлати Бойден миёни миллигароёни лебирол хостори кумак ба Украина барои идомаи ҷангӣ тӯлони муддат бо Русия ва воқеъгароёна, ки хатароти авҷгирии таниш, бӯҳрон ва хушунатро дар партави ин рӯйкард гушзад мекунанд, шикофе эҷод шудааст.
Бештар бихонед:
- Таҳлил: Нигарониҳо аз афзоиши хушунатҳои ношӣ аз ҳамли силлоҳ дар Канада
- 3 маҷруҳ бар асари тирандозӣ дар донишгоҳи Хавиер дар иёлати Луизианаи Амрико