Таъкиди Боррел бар идомаи музокирот бо Русия
Масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳоди Аврупо бар идомаи гуфтугӯҳо бо Русия таъкид кард.
Амрико ва соири кишварҳои ғарбӣ дар вокуниш ба ҳамлаи Русия ба Украина дар 24 феврали 2022, таҳримҳои иқтисодии густардаеро алайҳи Маскав эъмол кардаанд.
Ин таҳримҳо дар ҳолест, ки Ғарб бо вуҷуди ҳамаи ин иқдомот, воҳимаи онро дорад, ки ташдиди таҳрими Русия дар бахшҳои иқтисодӣ, ба вижа бахши нафту газ шароити иқтисодии Аврупо ва бозорҳои ҷаҳонии энержиро беш аз пеш ба ҳам занад.
Таҳримҳои мутанаввеъи эъмолшуда алайҳи Русия то кунун иқтисоди Аврупоро бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ кардааст.
Боррел гуфт: Мо бояд роҳеро барои ҳамзистӣ бо Русия пайдо кунем.
Вай афзуд, Иттиҳоди Аврупо бояд аз даргирӣ бо Русия худдорӣ кунад, зеро дар ғайри ин сурат ҷанги ҷаҳонии сеюм иттифоқ хоҳад афтод.