Озодсозии 45 миллион бушка нафти хом аз захоири роҳбурдии Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i87258-Озодсозии_45_миллион_бушка_нафти_хом_аз_захоири_роҳбурдии_Амрико
Амрико, ки ин рӯзҳо дар пайи ҷанги Украина бо буҳрони энержӣ дасту панҷа нарм мекунад, эълом кард, 45 миллион бушка нафти хом аз захоири роҳбурдӣ ба зудӣ озод хоҳад шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июн 15, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Озодсозии 45 миллион бушка нафти хом аз захоири роҳбурдии Амрико

Амрико, ки ин рӯзҳо дар пайи ҷанги Украина бо буҳрони энержӣ дасту панҷа нарм мекунад, эълом кард, 45 миллион бушка нафти хом аз захоири роҳбурдӣ ба зудӣ озод хоҳад шуд.

Вазорати энержии Амрико эълом кард, ба унвони бахше аз тарҳи давлати Ҷо Байден, 45 миллион бушка нафт аз захоири роҳбурдии нафтро ба фурӯш мерасонад.

Бар асоси эъломи Вазорати энержии Амрико, ироаи ин миқдор нафт аз захоири роҳбурдӣ аз 16 август оғоз мешавад ва то 30 сентябр идома хоҳад дошт.

Раиси ҷумҳурии Амрико соли гузашта низ дастури озодсозии 50 миллион бушка нафти хом аз захоири роҳбурдии ин кишварро барои ҷилавгирӣ аз боло рафтани бештари баҳои нафт содир кард.

Ҷо Байден тайи моҳҳои гузашта талош карда аз паёмадҳои сиёсии ношӣ аз афзоиши қиматҳои бензин ҷилавгирӣ кунад, аммо афзоиши баҳои энержӣ табдил ба кобусе барои давлати ӯ шудааст.