Амрико хостори афзоиши тавлиди нафти ОПЕК шуд
Вазири энержии Амрико эълом кард, ки раиси ҷумҳурии ин кишвар аз ҳамаи таъминкунандагони нафт дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла ОПЕК ва тавлидкунандагони дохилии нафту гази Амрико хостааст то тавлиди худро афзоиш диҳанд.
Ба гузориши хабаргузории русии "Спутник", Ҷенифер Гронҳолм, вазири энержии Амрико таъкид кард, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико аз ҳамаи тавлидкунандагони нафту газ, аз ҷумла бузургтарин содиркунандагони нафти ОПЕК хостааст то барои муқобила бо раванди афзоишии қимати бензин, тавлиди нафти худро афзоиш диҳанд.
Вай дар идомаи изҳороташ афзуд, дар ҳафтаи оянда бо мудирони ширкатҳои нафту гази Амрико дидор хоҳад кард то дар бораи камбуди зарфиятҳои фароварӣ дар полоишгоҳҳои нафти ин кишвар гуфтугӯ кунад.
Байден дар ҳоле ки бо буҳронҳои мухталиф, аз ҷумла энержӣ даступанҷа нарм мекунад, дар номае ба ширкатҳои бузурги нафтии кишвар, аз онҳо хостааст тавлиди бензин, солярка ва соири маҳсулоти полоиширо афзоиш диҳанд то битавонад бо раванди афзоишии қимати сӯхт муқобила кунад.
Вазорати энержии Амрико пеш аз ин эълом кард, ки ба унвони бахше аз тарҳи пешини давлати Байден 45 миллион бушка нафт аз захоири роҳбурдии нафтро ба фурӯш мерасонад.