Таҳлил: Эрон мизбони аслии миллионҳо муҳоҷири афғонистонӣ
(last modified 2022-06-22T08:48:13+00:00 )
Июн 22, 2022 13:48 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Эрон мизбони аслии миллионҳо муҳоҷири афғонистонӣ

Абдулмуталлиб Ҳаққонӣ, сухангӯи Вазорати умури муҳоҷирони давлати Толибон эълом кард, ҳудуди ниме аз 7 миллион муҳоҷири афғонистонӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Толибон камтар аз як сол аст муҷаддадан қудраторо дар Афғонистн ба даст гирифтааст, ба назар мерасад мақомоти он иттилои чандон мувассақе дар мавриди теъдоди муҳоҷирони афғонистонӣ  дар кишварҳои ҳамсоя надоранд ва ё ин ки бо ироаи оморҳои нодурусту ғалат  аз канори ҳамкорӣ ва мусоидати кишварҳои ҳамсоя дар мизбонӣ аз муҳоҷирони афғонистонӣ убур мекунанд.

Воқеиятҳои омори майдоние, ки дар расонаҳо низ мунташир шудааст беш аз ин ҳаст, ки миллионҳо муҳоҷири афғонистонӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи оқои Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, танҳо дар моҳҳои  ахир  беш аз як миллион муҳоҷири афғонистонӣ вориди Эрон шудаанд, ки умдатан ба шакли ғайриқонунӣ будааст. Оморҳои расмии ниҳодҳои муртабит бо муҳоҷирони афғонистонӣ низ омори муҳоҷирони афғонистониро ҳудуди панҷ миллион нафар унвон кардаанд, ки вуруди онон ба Эрон ҳамчунон идома дорад.

Аммо ин ки чаро  Толибон бо интишори гузоришҳо ва оморҳои нодуруст аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар кишварҳои ҳамсоя, бахусус Эрон чӣ аҳдоферо дунбол мекунанд, мавориди зер қобили таваҷҷӯҳ аст:

Аввал ин ки Толибон мекӯшанд бори таҳмилии муҳоҷирони афғонистонӣ дар кишварҳои ҳамсояро коҳиш диҳанд. Дуввум ин ки Толибон дар садад аст нишон диҳад, касоне, ки баъд аз тасаллути муҷаддади Толибон бар Афғонистон аз кишвар хориҷ шуда буданд, муҷаддадан бозгашта ва ин раванд идома дорад ва теъдоди муҳоҷирони афғонистонӣ, аз ҷумла дар Эрон раванди афзоишӣ надоштааст. Саввум ин ки Толибон бо ироаи гузоришҳои нодуруст дар мавриди теъдоди муҳоҷирони афғонистонӣ дар садад аст эҷоди таноқуз дар оморҳои ироашуда аз сӯи кишварҳои мизбон ва ҳатто гузориши Созмони Милал дар ин хусус аст. Нуктаи дорои аҳамияти дигар ин ки Толибон бо ироаи гузоришҳои нодуруст дар мавриди муҳоҷирони афғонистонӣ дар садади салби масъулият аз худ дар ин хусус аст.

Амини Фарҷод, коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегуяд: Толибон ба унвони ҳоким дар Афғонистон бояд шароити зисти муносибро барои ин кишвар фароҳам кунад то мардуми ин кишвар, бахусус ҷавонон на танҳо Афғонистонро тарк накунанд, балки ба созандагии кишварашон кумак кунанд.

Дар ҳар ҳол Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз чаҳор даҳа аст, ки мизбони миллионҳо муҳоҷири афғонистонӣ аст. Онон бо зиндагӣ дар шаҳрҳо ва таҳсилу машоғили мухталиф, бо кӯлаборе аз таҷриба ва дониш ба кишварашон боз мегарданд. Ин дар ҳоле аст, ки муҳоҷирони афғонистонӣ дар соири кишварҳои ҳамсоя дар чодарҳо ва ё ҷойҳое, ки мушаххас шудааст, зиндагӣ мекунанд, ки навъи рафтори таҳқиромез бо онон талаққӣ мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп