Зеленский эъмоли бастаи ҳафтуми таҳримҳо алайҳи Русияро хостор шуд
Расонаҳо аз дархости раисиҷумҳури Украина барои эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Русия хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина дар ҷадидтарин паёми видеоии худ аз муттаҳидони аврупоии Киев хост то кор бар рӯи бастаи ҳафтуми таҳримҳои худ алайҳи Русияро оғоз кунанд.
Вай таъкид кард, Русия бояд афзоиши мудовими фишорҳо барои ҷангро эҳсос кунад ва барои ин манзур ба маҷмуъаи ҷадиди иқдомоти танбеҳии Иттиҳодияи Аврупо «дар асраъи вақт» ниёз аст.
Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо пас аз тасвиби шашумин бастаи тадобири маҳдудкунандаи худ, ки шомили мамнуъияти нисбии воридоти нафти Русия аст, қавл додаанд, ки фишори таҳримҳоро бар Маскав идома диҳанд.
Рӯзи гузашта, Кристина Фриланд, вазири умури хориҷаи Канада дар як конфронси иқтисодӣ дар Торонто ба хабарнигорон гуфт, Ottawa дар ҳоли барномарезии қонуне аст, ки иҷозаи мусодираи дороиҳои таҳримшудаи Русияро медиҳад.
Ҷанет Йеллен, вазири хазонадории Амрико низ рӯзи душанбе дар сафар ба Канада изҳор дошт, Вашингтон дар ҳоли гуфтугу бо муттаҳидони худ аст то бо таъйини сақфи қиммат барои нафти хоми Русия, даромадҳои нафтии ин кишварро бештар маҳдуд кунад.