Трамп: Амрико ба абзоре барои хандаи дигарон табдил шудааст
(last modified Mon, 27 Jun 2022 04:18:13 GMT )
Июн 27, 2022 09:18 Asia/Dushanbe
  • Трамп пеш аз ин низ тайид карда буд Амрико таҳти ҳидояти демакратҳо дар ҳоли суқут аст
    Трамп пеш аз ин низ тайид карда буд Амрико таҳти ҳидояти демакратҳо дар ҳоли суқут аст

Раиси Ҷумҳурии пешини Амрико тайид кард ин кишвар дигар монанди собиқ муқтадир набуда ва ба абзоре барои хандаи дигар кишварҳо табдил шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Доналд Трамп, раиси Ҷумҳурии Амрико дар ҷамъи зидди Байден, раиси Ҷумҳурии феълии ин кишвар эълом кард: Амрико дар ду соли гузашта чунон мутазалзил шудааст, ки ба як абзоре барои хандаи дигарон табдил шуда аст.

Тромп дар идома гуфт: Байден бартарии иқтисодӣ ва сиёсии Вашингтон дар саҳнаи ҷаҳониро аз байн бурдааст.

Трамп пеш аз ин низ тайид карда буд Амрико таҳти ҳидояти демакратҳо дар ҳоли суқут аст.

Ӯ дар баёнияе эълом кард амрикоиҳо дар талош ҳастанд то бакҳои бензини худро пур кунанд ба навзодонашон ғизо бидиҳанд, фарзандони худро омӯзиш диҳанд, кормандонро истихдом кунанд, суфориши харид бидиҳанд, аз марзҳо дар баробари таҳоҷумҳо муҳофизат кунанд ва анбуҳе аз мушкилоти дигар вуҷӯд дорад, ки сад дар сад онҳоро демакратҳо эҷод карданд, ки аз тариқи интихоботи қалоби ба қудрат расиданд.

Дар Амрико таварум дар моҳи май ба 8.6 дарсад расид, ки болотарин сатҳ аз декабри соли 1981 буд ва нархи бензин барои аввалин бор дар таърих дар 10 июн ба болои 5 доллар дар ҳар летр расид.