Аксари мардуми Амрико кишварашонро дар масире иштибоҳ медонанд
(last modified Fri, 01 Jul 2022 16:31:59 GMT )
Июл 01, 2022 21:31 Asia/Dushanbe
  • Аксари мардуми Амрико кишварашонро дар масире иштибоҳ медонанд

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷии ҷадид, 85 дарсад аз мардуми Амрико аз раванди авзоъ дар кишварашон норозӣ ҳастанд ва онро дар масире иштибоҳ медонанд.

Тибқи натоиҷи назарсанҷии анҷомшуда тавассути AP – NORC, 85 дарсади бузургсолони амрикоӣ муътақиданд, ки раванди авзоъ дар кишварашон дар масире иштибоҳ қарор дорад. Дар ҳоле ки фақат 14 дарсад бар хилофи ин воқеият фикр мекунанд.

Натиҷаи ин назарсанҷӣ ҳокӣ аз афзоиши бадбинии мардуми Амрико дар моҳи июн дар муқоиса бо моҳи қабл аз он аст.

78 дарсади амрикоиҳо дар моҳи май гуфта буданд, раванди авзоъ дар кишварашон дар масире иштибоҳ қарор дорад, дар ҳоле ки 21 дарсад онро дуруст медонистанд.

Тибқи ин назарсанҷӣ, дар ҳоли ҳозир 92 дарсади ҷумҳурихоҳон ва 78 дарсади демократҳо аз масире, ки кишварашон дар ҳоли ҳаракат дар он аст, норозӣ ҳастанд.

Ин болотарин мизони норизоятӣ дар миёни демократҳо аз замони вурудт Ҷо Байден ба Кохи Сафед ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико маҳсуб мешавад.

Натиҷаи назарсанҷии AP - NORC ҳамчунин нишон дод, фақат 20 дарсади амрикоиҳо иқтисоди кишварашонро хуб арзёбӣ мекунанд, дар ҳоле ки 79 дарсад онро заиф медонанд.

Нигоҳи амрикоиҳо ба Байден низ авзои хубе надорад.

Назарсанҷии шабакаи хабарии Си Эн Эн, ки дар нимаи дувуми моҳи гузаштаи июн анҷом шуд, нишон медиҳад фақат 38 дарсад аз амрикоиҳо иқдомоти Байденро таъйид мекунанд ва 57 дарсад аз ӯ норозӣ ҳастанд.

Натиҷаи назарсанҷии AP - NORC дар бораи мизони ризояти мардуми Амрико аз амалкарди иқтисодии Байден низ нишон дод, фақат 28 дарсад ризоят доранд.