Раъйи Девони олии Ҳинд алайҳи сухангӯи тавҳинкунанда ба Паёмбари Акрам (с)
(last modified Sat, 02 Jul 2022 04:58:20 GMT )
Июл 02, 2022 09:58 Asia/Dushanbe
  • Раъйи Девони олии Ҳинд алайҳи сухангӯи тавҳинкунанда ба Паёмбари Акрам (с)

Девони олии Ҳинд, сухангӯи ҳизби ҳокимро водор ба узрхоҳӣ кард.

Иҳонати мақомоти ҳизби ҳокими Ҳинд ба ҷойгоҳи муқаддаси Паёмбари Акрам (с), авзоъи ин кишварро барои чандинрӯз мултаҳиб кард.

Девони олии Ҳинд рӯзи ҷумъа бо ташкили ҷаласа барои расидагӣ ба парвандаи Нопур Шормо, сухангии ҳизби ҳокими Ҳинд (BJP) муттаҳам ба изҳороти иҳонатомез ба Паёмбари ислом (с) фарди тавҳинкунандаро ба узрхоҳӣ дар баробари дурбини расонаҳо маҳкӯм кард.

Девони олии Ҳинд дар ҳукми худ тасреҳ кард, изҳороти куфромези Нопур Шормо, дар муқобили дурбини телевизион, боиси барангехта шудани эҳсосоти мардум ва ба хатари афтодани амнияти кишвар ва қатли як (хайёт)-и ҳиндӯ дар шудааст.

Моҷарои иҳонати ахир ба Паёмбари Акрам (с), дар пайи эътирозоти мусулмонони ин кишвар ва мусулмонони дигар кишварҳои ҷаҳон, барои давлати Ҳинд ба як расвоӣ табдил шуд.

Бархе мақомоти давлати Ҳинд, ки дар дасти ҳиндуҳо қарор дорад, қаблан низ ба рафторҳои исломситезона муттаҳам шуда буданд.

Бештар бихонед: