Русия: Амрико барои эҳёи БарҶом нармиши бештаре нишон диҳад
Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена бар лузӯми инъитофи бештари Иёлоти муттаҳида барои эҳёи БарҶом таъкид кард.
Михаил Улянов, намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена рӯзи ҷумъа дар паёме бо ишора ба дидори Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия бо Алии Боқирии Канӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон дар Маскав навишт: «Ин ҷаласа як табодули назари бисёр ҳирфаӣ дар хусӯси вазъияти феълии БарҶом ва чашмандозҳои музокироти Вена буд.»
Вай изофа кард: «Арзёбии ман ин аст, бо вуҷӯди ҳамаи мушкилот, тавофуқи ҳастаӣ ҳануз қобили эҳё аст. Барои инки ин иттифоқ рух диҳад, Амрико бояд нармиши бештаре нишон диҳад.»
Музокироти рафъи таҳримҳо дар Вена аз чанд моҳи пеш дучори вақфа шуд Давлати Амрико аз замони оғози ин музокирот ба ҷои пешниҳод додани ибтикорҳои амалӣ барои пешрафти гуфтугуҳои борҳо талош карда тарафҳои мухталифро ба кунд кардани раванди музокирот ва эҷоди монеа бар сари роҳи он муттаҳам кунад.
Бар асоси ин гузориш, яке аз далоили нокомии тарафи амрикоӣ дар музокироти Вена, мухолифатҳои намояндаҳои Конгресс бо сиёсатҳои давлати Байден дар хусӯси БарҶом эълом шудааст.
Бозрасони ожонси байналмилалии энержии атомӣ токунӯн борҳо аз таъсисоти ҳастаии Эрон боздид кардаанд, аммо ҳаргиз мадраке, ки нишон диҳад барномаи сулҳомези энержии ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ ба самти мақосиди низомӣ инҳироф дошта бошад, пайдо накардаанд.
Бештар бихонед: