Июл 02, 2022 13:26 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Толибон: Ҷанги мо бо Амрико ҳамчунон идома дорад

Мулло Ҳайбтуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон дар ҷамъи уламои Афғонистон дар Кобул гуфт, ҷанги Амрико бо мо ҷанги ақидатӣ буд ва ин ҷанг ҳамчунон идома дорад.

Мулло Ҳайбтуллоҳ Охундзода рӯзи ҷумъа дар дувумин рӯзи нишасти уламои Афғонистон дар Кобул гуфт, ҷанги Амрико бо мо барои замин ва ҳаво набуд, балки ҷанг бо ақоиди мо буд.

Вай хотирнишон кард, муваффақияти ҷиҳоди Афғонистон на танҳо мояи мубоҳоти афғонҳо, балкӣ барои мусулмонони саросари ҷаҳон аст ва ҳамаи мардуми мутадайини ҷаҳон аз пирӯзии мардуми мусулмони Афғонистон хушҳол ҳастанд.

Раҳбари Толибон дар мавриди ҷангҳои ду даҳаи гузашта афзуд, мо ҳаргиз қасди набард бо афғонҳоро надоштем, аммо бо онҳо ҷангидем, зеро худро сипари куффор карданд.

Вай дар мавриди шеваи ҳукӯматдории Толибон гуфт, агар дар баданаи ҳукумат амният набошад, дар идороти равобит, қавмгароӣ ва забонгароӣ бошад, ин амният нест ва чанде баъд ҳукумат аз байн хоҳад рафт ва ҳадафи ин кор таъмини манофеи шахсии бархе аз афрод монанди ҳукумати гузаштааст.

Раиси Толибон, уламоро масъули иҷрои низоми исломӣ донист ва афзуд, ҳадафи аслии мо амният, сулҳ, зиндагии мусолиматомез ва пешрафт дар сояи низоми исломӣ аст. Вай дар айни ҳол дар мавриди сохтори ояндаи ҳукумати Афғонистон таъкид кард, ташкили баъдии давлатро тавассути як ҷургаи дигар (нишасти дигар) хоҳам сохт ва аз уламо машварат мегирем.

 

Барчасп