Июл 02, 2022 13:37 Asia/Dushanbe
  • Уфти 30 дарсадии бозорҳои молии Амрико

Бозорҳои молии Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба дунболи афзоиши қиматҳои сӯхт ва таваррум, дар соли ҷории милодӣ то 30 дарсад бо уфти шохис рӯбарӯ шудаанд.

“Financial Times” ахиран дар гузорише навишт, бо афзоиши нигарониҳо дар бораи таъмини гази Аврупо дар зимистони оянда ва тасмими Бонки марказии Амрико барои афзоиши нархи баҳра ҷиҳати муқобила бо таварруми фазоянда, иқтисоддонони ҷаҳон дигар ба ояндаи иқтисоди Ғарб хушбин нестанд.

Муассисаи иқтисодии “Goldman Sachs”, ҳам хатари вуруди Амрико ба рукудро аз 15 дарсад ба 30 дарсад афзоиш дод ва то 48 дарсад эҳтимоли вуруд ба рукӯд дар 2 соли ояндаро пешбинӣ кард.

Марк Занди, иқтисоддони аршади муассисаи таҳлилии Moody's Analytics низ гуфт, хатари вуруди Амрико ба рукӯд дар 12 моҳи оянда ҳудӯди 40 дарсад хоҳад буд.

Уфти се шохиси бузург дар бозорҳои молии Амрико нишон медиҳад, ки бозорҳои молӣ аз соли 1962 ба шакли бесобиқае бадтарин шурӯро доштаанд.

Шохиси Dow Jones аз шурӯи соли 2022 бо уфти 15.86 дарсадӣ ва шохиси S&P, ки нишонгари нархи амалкарди муштараки 500 ширкати бартар аст, бо коҳиши 21.09 дарсадӣ мувоҷеҳ буд.

Аз сӯи дигари гуруҳи Nasdaq, ки амалкарди бозори ширкатҳои фанноварии Амрикоро арзёбӣ мекунад, мутаҳаммили бештарин коҳиш пас аз пушти сар гузоштани ҳамагирии корона буда ва арзиши он аз ибтидои сол то кунун 30.33 дарсад уфт кардааст.

Бонки марказии Амрико, нархҳои баҳраро аз 0 ба маҳдӯдаи 1.5 то 1 . 75 дарсад барои аввалин бор дар 30 соли ахир расонад.

 

Барчасп