Июл 04, 2022 10:28 Asia/Dushanbe
  • Вазири пешини хазонадори Амрико ҳамчунин тасреҳ кард, рукуди иқтисодӣ дар соли 2022 ба шиддат афзоиш ёфтааст
    Вазири пешини хазонадори Амрико ҳамчунин тасреҳ кард, рукуди иқтисодӣ дар соли 2022 ба шиддат афзоиш ёфтааст

Вазири пешини хазонадори Амрико рукудро таҳдиде барои иқтисодӣ ин кишвар хонд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Луренс Сомерз гуфт: Рукуди иқтисодӣ Арикоро таҳдид мекунад. Хатари рукуд дар соли 2022 бисёр зиёд аст. Ин хатар нисбат ба шаш ҳафтаи гузашта бештар шудааст.

Бар асоси ин гузориш Сомерз бо ишора ба амалкарди манфии бонкҳо дар Амрико афзӯд, мо шоҳиди коҳиши рушди нохолиси милли ҳастем. Бисёре аз коршиносони иқтисодӣ пешбинӣ мекунанд, ки мо дар се моҳаи дуввум ҳам шоҳиди коҳиши рушди нохолиси милли будаем. Коҳиши рушди нохолиси милли барои дуввуминбор мутаволӣ дар соли ҷорӣ ба маънои рукуди иқтисодӣ аст.

 Вазири пешини хазонадори Амрико ҳамчунин тасреҳ кард, рукуди иқтисодӣ дар соли 2022 ба шиддат афзоиш ёфтааст.

Табаоти ҳамагирии Короно, ва низ ҷанги Украина ва мушкилоти муртабит бо арзаи ғаллот ва таҳримҳои Русия, боиси эҷоди  таваруми кам собиқа дар иқтисоди Амрико шудааст.

Барчасп