Июл 06, 2022 12:50 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Зеленский аз фармондеҳони артиши Украина

Раиси ҷумҳурии Украина пас аз тасмими худсаронаи фармондеҳони низомии ин кишвар дар эъмоли маҳдудият дар ҷобаҷоии низомиён, аз онҳо интиқод кард.

Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Украина сешанбешаб эълом кард, бар асоси маҳдудиятҳои ҷадид, сарбозони вазифа, неруҳои захира ва соири афроди машмули хизмати сарбозӣ бояд аз марокизи ҷазбу ҳимояти иҷтимоӣ барои хуруҷ аз ҳавзаи худ муҷаввиз дарёфт кунанд.

Ба гузориши “Нюзвик”, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина дар суханронии рӯзи сешанбеи худ аз ин тасмими фармондеҳони артиши Украина интиқод кард ва гуфт, ин тасмим набояд бидуни мушорикат бо ӯ гирифта мешуд ва ин мавзуъ муҷиби ихтилофоти зиёде шудааст.

Зеленский гуфт, арзёбиҳои мухталифе аз чунин тасмиме вуҷуд дорад, ба тавре, ки сӯитафоҳум ва ҳатто асабоният дар ҷомеа ба вуҷуд овардааст.

Раиси ҷумҳурии Украина ба мардум қавл дод, ки ин мавзуъро ҳал кунад ва аз ситоди кулли артиш хост, ки дар оянда бидуни машварат бо вай чунин тасмиме нагирад.

Ихтилоф миёни раҳбарони Украина то кунун ошкор нашуда буд. Ин ихтилофот дар ҳоле рух дод, ки неруҳои украинӣ машғули дифоъ дар муқобили артиши Русия дар манотиқи шарқии Украина ҳастанд.

 

Барчасп