Дигар расонаҳо| Рӯзномаи олмонӣ: Трамп Зеленскийро вориди майдони мина кардааст
-
Трамп ва Зеленский
Порс-Тудей. Як рӯзномаи олмонӣ ба авзои ҳассоси ин рӯзҳои раиси ҷумҳурии Украина баъд аз ҳамлаи Амрико ба Венесуэла ишора кард.
Рӯзномаи олмонии “Берлинер Сайтунг” дар гузорише навишт: Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо таҷовуз ба Венесуэла ва рабудани Николас Мадуро, раисиҷумҳури ин кишвар, Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украинаро вориди як майдони мина кардааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз “Меҳр”, дар гузориши рӯзномаи олмонии “Берлинер Сайтунг” омадааст: Шароит барои Зеленский бисёр ҳассос аст. Ҳар гуна вокуниши вай ба буҳрони Венесуэла ва иқдоми Амрико ба масобаи як майдони минагузоришуда барои Зеленский амал мекунад.
Дар идомаи ин гузориш таъкид шудааст, авзоъ барои Иттиҳоди Аврупо низ ба ҳамин минвол аст, зеро кишварҳои аврупоӣ метарсанд бо вокуниши ғайримуносиб ба иқдомоти Амрико алайҳи Венесуэла ризоияти Вашингтонро аз даст бидиҳанд. Ин шароит боис мешавад мавзеи Киев заифтар шавад.