Июл 11, 2022 17:17 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти ҳаводорони бошгоҳҳои футболи Руми Италия зидди режими саҳюннистӣ
    Тазоҳуроти ҳаводорони бошгоҳҳои футболи Руми Италия зидди режими саҳюннистӣ

Ҳаводорони бошгоҳи футболи Руми Италия дар эътироз ба баргузории бозии дустонае дар сарзаминҳои ишғоли ва зидди режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши рузномаи Раъюлявм ҳадоворони бошгоҳи футболи Руми Италия бо барпоӣ тазоҳурот ва насби банерҳои зидди режими саҳюнистӣ нисбат ба баргузории як бози дустона бо бошгоҳи футболи Тотниҳом Ҳотспер дар сарзаминҳои ишғоли дар 30 июли соли 2022 эътироз карданд.

Ҳаводорони бошгҳои футболи Рум бо мунташир кардани феҳрасти номи бархе аз бозикунони фарастинӣ аз ҷумла Саъид Удаи 16 сола, Муҳаммад Ғаними 19 сола, Соир Ёзури 18 сола ва Зайд Ғаними 14 сола, ки тавассути режими саҳюнистӣ ба зарби гулула ба шаҳодат расиданд гироми доштанд.

Ишғолгарони режими саҳюнистӣ барои дастёби ба ҳадафҳои тавсеаталабонаи худ рузона ба манотиқи мухталифи Фаластин ҳама ва фаластиниёнро бо иддаои беасос боздошт ва асир карда ва ё ба шаҳодат мерасонанд.

Ҳамакнун ҳудуди чор ҳазору 800 асири фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар ҳабс ҳастанд, ки дар миёни онҳо 170 кудак ва 39 зан ва даҳҳо солхурда дида мешавад.

 

Барчасп