Путин қонуни пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷикро имзо кард
Раиси Ҷумҳӯри Русия қонуни пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷикро имзо кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Владимир Путин бо имзои ин қонун заминаи ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири тоҷикро фароҳам кард.
Он теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки дар Русия фаъолият, молиёт ва ҳаққи бимаи иҷтимоъиро партохт кардаанд, метавонанд ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт кунанд.
Мизони ҳуқуқи бознишастангии коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия бо ҳуқуқи мушобеҳи шаҳрвандони ин кишвар баробар аст.
Ҳамчунин бар асоси қонуни ҷадид, ҳар коргари муҳоҷири тоҷик, ки ба суратии расми дар Русия кор ва ба сандуқи бознишастагӣ кумак кардааст, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон низ ҳуқуқи бознишастагӣ ба вай пардохт мешавад.