Июл 17, 2022 16:36 Asia/Dushanbe
  • Ройзании телефонии Макрон ва Ардуғон дар бораи содироти ғаллоти Украина
    Ройзании телефонии Макрон ва Ардуғон дар бораи содироти ғаллоти Украина

Эммонуэл Макрон, раиси Ҷумуҳрии Фаронса ва Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия дар бораи нишасти чорҷонибаи ахир дар хусуси содироти ғаллоти Украина телефони гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузори Анатоли, дафтари раёсати Ҷумҳурии Туркия бо интишори баёнияе эълом кард Ардуғон пас аз гуфтугӯи телефонӣ бо Макрон гуфт дар поёни нишасти чорҷониба тасмим гирифта шуд, ки як маркази ҳамоҳанги эҷод шавад, ки дар он як намоянда аз ҳар як аз тарафҳои зинафъ яъне Туркия, Русия, Украина ва Созмони Миллал ҳузур дошта бошанд. Маркази ҳамоҳангии идомадор дар Истанбул масъулияти мудирияти содироти ғаллоти Украинаро бар уҳда хоҳад дошт.

Ардуғон ба Макрон гуфт мо фавран тарҳи содироти ғаллоти Украинаро фаъол хоҳем кард то амнияти ғизоии ҷаҳонро эҳё кунем.

Истанбул рӯзи чоршанбе мизбони як нишасти чорҷонибаи ҳайатҳои Туркия, Украина, Русия ва Созмони Миллал буд то дар мавриди аз саргирии содироти ғаллоти Украина аз тариқи дарёи сиёҳ гуфтугӯ кунанд.

 

Барчасп