Дархости Сучи барои оштии миллӣ дар Мянмар
Онг Сон Сучи, вазири умури хориҷа ва мушовири аршади давлати Мянмар хостори оштии миллӣ дар ин кишвар шуд.
Вай ки дар маҷмаи корфармоёни ширкатҳои хусусӣ дар Сингапур сухан мегуфт, бидуни ишора ба хушунатҳои хунини ахир зидди мусулмонони Руҳингё дар вилояти Рохин, дар ғарби Мянмар таъкид кард, кишвари чандқавмии Мянмар барои ҷалби сармоягузорон ба субот ниёз дорад ва ин амри муҳим бидуни ҳокимияти қонунӣ амалӣ намешавад. Вай таъкид кард, давлати Мянмар хоҳони бесуботӣ нест, аммо собиқаи деринае аз адами якпорчагӣ байни мардуми Мянмар вуҷуд дорад ва аз ин рӯ оштии миллӣ ва сулҳ бидуни истисно барои ин кишвар аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.
Ҳузури вазири умури хориҷаи Мянмар дар ҷамъи корфармоёни ширкатҳои хусусӣ дар Сингапур, баёнкунандаи талоши вай барои ҷазби сармоягузориҳои хориҷӣ барои кӯмак ба беҳбуди вазъияти иқтисодии Мянмар аст ва вай барои ҷалби назари сармоягузорон ба ду мавзӯи муҳими ҳокимияти қонунӣ ва оштии миллӣ дар Мянмар ишора кардааст.
Тардиде нест, эъмоли ҳар ду мавзӯъ барои амалӣ шудани аҳдофи иқтисодии давлати Лиги миллӣ барои демократияи хонум Сучи бисёр муҳим аст. Аммо бархурди дугона бо ин масоил муҳимтарин мушкил ва чолиш фарорӯйи давлати Мянмар аст, ки обрӯи ин кишварро беш аз пеш дар маҳофили байналмилалӣ тахриб мекунад.
Дар солҳои ахир Мянмар бо мушкилоти қавмии мухталифе аз ноҳияи бархе ақвоме ҳамчун кочинҳо ва ахиран шӯришёни чинӣ дар марзи муштарак бо Чин рӯбарӯ будааст, ки ҳассосияти давлатҳои Нейпиедав ва Пекинро барангехт. Хонум Сучи билофосила пас аз ташкили давлати ғайринизомии худ конфронси ваҳдати қавмиятҳоро баргузор кард ва давлати Чин ҳам эълом кард, амодаи кӯмак ба рафъи шӯриши як гурӯҳи мусаллаҳ аз ақаллиятҳои чинӣ мавсум ба артиши Куконг аст. Ин дар ҳоле аст, ки муҳимтарин мушкил ва муъзали давлати Мянмар, ки хонум Сучи тамоюле барои сахт гуфтан дар мавриди он надорад, қатли оми мусулмонони Руҳингё тавассути буддоиёни ифротӣ ва низомиёни тундрав аст, ки ҳар рӯз бар абъоди он афзуда мешавад.
Дар воқеъ, он чи сармоягузорӣ дар Мянмарро таҳдид мекунад, хушунатҳои хунин зидди мусулмонони Руҳингё дар ғарби ин кишвар аст. Зеро ин мусулмонон ҳастанд, ки мавриди ҳуҷуми ваҳшиёнаи буддоиёни ифротӣ ва низомиёни тундрав қарор мегиранд ва дар ҷомеаи Мянмар ваҳшат эҷод мекунанд.
Ба назар мерасад, чунончӣ Чин дар мавриди куштори мусулмонони Руҳингё дар Мянмар, монанди шӯришиёни Куконг дар марзи муштарак бо Мянмар ҳассос буд ва вокуниш нишон медод, умедворӣ ба поёни куштор ва табъизи нажодӣ дар Мянмар зидди мусулмонони Руҳингё афзоиш меёфт.
Хонум Сучи, раҳбари ҳизб ҳокими Лиги миллӣ барои демокрптия бо бетаваҷҷуҳӣ ба вазъияти мусулмонони Руҳингё дар ҳамон ҳол, ки нажодпарастиро дар Мянмар расмият мебахшад, барқарории амният дар ин кишварро хориҷ аз хушунатҳои хунин зидди мусулмонони Руҳингё думбол мекунад ва ин дар ҳоле аст, ки хушунат зидди онон аз сӯйи авомили давлатӣ, низомиёни тундрав ва гурӯҳи террористии шинохташудаи мавсум ба 969 ба саркардагии Ошин Вироту, буддоии ифротӣ ва нажодпараст сурат мегирад.
Аз дидгоҳи мардуми Мянмар, чунончӣ хонум Сучи ба эъмоли қонун ба унвони омили суботбахш дар ин кишвар эътиқод дорад, бо дастгирии авомили ҷиноёти ахир зидди мусулмонони Руҳингё аввалин гомро барои барқарории оромиш ва тақвияти иттиҳоди миллӣ дар Мянмар бардорад.