Декабр 01, 2016 19:18 Asia/Dushanbe
  • Чаппотӣ ҷаҳонӣ шуд

Парвандаи чандмиллатии фарҳанги пухтани нонҳои нозук, чаппотӣ (лаваш) дар феҳрасти мероси маънавии ЮНЕСКО ба сабт расид.

Ба гузориши ИРНА, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия муваффақ шуданд, дар иқдоми муштараке парвандаи «Фарҳанги пухтани нонҳои нозук»-ро дар Созмони илмии фарҳангии Милали Муттаҳид -  ЮНЕСКО ба сабт бирасонанд.

Бо сабти ин парванда дар ЮНЕСКО нони чаппотӣ ба унвони маҳсуле, ки солҳои тӯлонӣ дар пайи вуҷуди фарҳанги муштарак миёни кишварҳои минтақа дар Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия пухта мешуд, ба унвони мероси муштараки фарҳангии ин кишварҳо ба сабти ҷаҳонӣ расид.

Аҳмади Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ЮНЕСКО дар ин иҷлос ба ин нукта таъкид кард, ки дар фарҳанги кишварҳои минтақаи ҷанубу ғарбӣ Осиё ва Осиёи Марказӣ «бо ҳам нон хӯрдан» маънои васеътар аз ғизохӯриро дорад, гуфт, нону сабаби наздикии мардумон, боварҳо ва миллатҳои ин минтақа ва ҳамсуфра шудан як арзиши маънавӣ аст. Ҷалолӣ изҳор умедворӣ кард, ки ҳамкории кишварҳои минтақа дар сабти меросҳои фарҳангӣ ва маънавӣ метавонад сабаби наздикии ҳарчи бештари ин кишварҳо шавад.