Таҳлил: Тадовуми амлиёти Туркия дар шимолӣ Ироқ
(last modified Sun, 24 Jul 2022 05:36:53 GMT )
Июл 24, 2022 10:36 Asia/Dushanbe
  • Марзҳои муштараки Туркия ва Ироқ 370 киламетр аст
    Марзҳои муштараки Туркия ва Ироқ 370 киламетр аст

Давлати Туркия, Ҳизби коргарони Курдистони ин кишварро ба унвони хатарноктарин гурӯҳи террористӣ алайҳи манофеъ ва амнияти худ арзёбӣ мекунад ва солҳост дар шимолӣ Ироқ зиддӣ ин гурӯҳ амалиёт иҷро мекунад.

Вазорати дифоъи Туркия зимни эъломи гузоришҳи амалиёти се моҳи гузашта, мабни бар кушта шудани 290 нафар аз Ҳизби коргарони Курдистони ин кишвар (P.K.K) дар шимоли Ироқ, бар идомаи амалиёт дар ин минтақа таъкид кардааст.

Марзҳои муштараки Туркия ва Ироқ 370 киламетр аст, ки бахши азими онро куҳҳои саъбал-убур ташкил медиҳад ва таърихи тарсими он ба даҳҳаи 1920 дар додгоҳи байналмиллалии Лоҳа бозмегардад. Баъд аз солҳо музокирот дар 5-уми июл 1926 тавофуқномае тарсими марзҳо дар қолаби муоҳидаи Анкара имзо шуд, ки ва муҷиби он хати шимолии устони Мувсел дар ҳукумати Усмонӣ ба унвони марзӣ Ироқ ва Туркия  таъин шуд.

Баъдҳо ин муоҳида боиси ҳалу фасли ихтилофоти марзии дукишвар шуд. Аммо камокон гоҳе дар таблиғоти расонаҳо сухан аз ҳузӯри Туркия дар ростои ихтилофоти қаламрави  бо Ироқ пеш меояд.

Ба гуфтаи Ҳақи Уйғур раис марказӣ ИРАМ  як муасисаи ба зоҳир мутолеоти ба номи "Маркази баррасиҳои Эрон" дар (Анкара) ва  наздик ба давлати Туркия: Дар бораи малиёти Туркия дар шимоли Ироқ таблиғоти мабни бар ишғоли Мувсел ва Караку ки аз зовияи диди Туркия, аҳдоф ва илали иҷроии ин амалиёт бисёр мушахас буда ва мубориза бо ҳадаф аст.

Албата ин мавзӯъ  аз сӯи бисёре аз шахсиятҳои ироқӣ пазируфта нашудааст то ҷое, ки ахиран  Шайх Қайси  Хазалӣ Дабири кулли Асоиб-Аҳл-Ал-Ҳақ Ироқ дар ин бора гуфтааст, ироқиҳо қудрати дифоъ аз кишварашонро доранд, дигар кофӣ аст. Туркия бояд аз рӯёи ишғолӣ Мувсел даст бикашад.

Артиши Туркия дар соли 1978 тавофуқномаи марзӣ бо ҳукумати вақти Ироқ имзо  кард, ки ба тарафайн иҷоза медод барои дафъи таҳдидоти амниятӣ ва таъкиби гурӯҳҳои маъонд то панҷ киламетрии вориди хоки якдигар шаванд. Панҷ сол баъд дар замони нахуствазирии  Тургут  Узал дар Туркия,  пас аз вурӯди P.K.K   ба фози амалиёти мусалаҳонаи зиддӣ Туркия, ин тавофуқнома ба таъқиби гурӯҳҳо дар умқи 30 киламетри ва ҳамалоти ҳавоӣ ва заминӣ густариш ёфт вале давлати вақти Ироқ ин тавофуқномаро аз соли 1988 мутавақиф кард. Бо ин ҳол пас аз судури қатномаи шумораи 688 Шӯрои амнияти Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар бораи  парвози мамнуъ дар мадори 36 дараҷаи марбуд ба шимолӣ Ироқ ва шаклгирии    минтақаи худгардони иқлими Курдистони Ироқ, амалиёти заминии Туркия дар ин минтақа аз сар гирифта шуд.

Ин кишвар аз октябри соли 1992 то кунун 13 ришта амалиёти густарда ва беш аз сад ҳамлаи маҳдуд дар иқлими Курдистони Ироқ алайҳи мавозеъи Ҳизби Коргарони Курдистон иҷро кардааст.

Мақомот ва шахсиятҳои сиёсии Ироқ борҳо бо ин ҳамалот ва ҳузӯри Туркия мухолифат кардаанд. Ҷавод-Ал-Булонӣ узви камисиюни амнияти мунъақида бо Туркия дар хусуси марзҳои мунақиз шуда ва дар даҳҳаи шаҳтод ба муддати як сол мувақат буда ва бо риояти тавсиаҳои Созмони Миллали Муттаҳид то кунун иҷрои он идома ёфтааст.

P.K.K манотиқи ҳасосе аз иқлими Курдистони Ироқро дар ихтиёр гирифта ва бар доманаҳои мунтаҳи  ба куҳистонҳои  мушараф ба ин иқлим ва минтақаи таҳти ҳокимияти Ҳизби демократи Курдистони Ироқ тасаллут дорад. Ин амр боиси рақобати жеополетикии бо ҳокимони маҳалӣ шуда  ва дар натиҷаи амалиёти Туркия дар ин  минтақаро таслиҳ кардааст.

Хулуси Акар вазири дифоъи Туркия дар бораи ин амалиёт гуфт, ҳадафи амалиёт дар шимолӣ Ироқ нобудии решаҳои терроризм ва аз по даровардани ҳамаи терроористҳо ва поён додан ба кори онҳо ба сурати комил аст.

Албата рақобати ҳокимони иқлими  P.K.K  ҷанбаи идиаложик ва жеоканамик ҳам дорад чаро,, ки ҳам маравотоди тиҷорӣ ва фурӯши нафити шимолӣ Ироқ аз сӯйи ҳукумати маҳали  ба Туркия  манофеъи иқтисодӣ ва молӣ барои ҳукумати иқлим фароҳам меоварад. Бо ин ҳол ҳамлаи чанд рӯзи қабли Туркия ба як минтақаи гардишгарӣ дар устони Дуҳуки Ироқ боиси мавзеъгирӣ ва мухолифати мақомоти маҳалии иқлими Курдистони Ироқ ҳам шудааст ва  Нечирвон Борзонӣ раиси ин иқлим дар ин бора гуфт, лозим аст Туркия ва  P.K.K даргириҳои худро дар хоки Ироқ мутавақиф кунанд.

Тахлияи садҳо рустоҳои марзӣ ва қурбонӣ шудан ба таври намуна 138 нафар шаҳрванди ироқӣ аз соли 2015 то кунун бар асари ҳамалоти Туркия, вазъиятеро ба вуҷӯд оварда, ки нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Ироқ муҷиби эътирози давлати Ироқ шудааст. Дар ин бора Мустафо Ал Козимӣ нахуствазири Ироқ гуфт, Ироқ ҳаққи комили худро дар посӯх ба таҷовузоти Туркияро маҳфӯз медонад. Дафтари раёсат ҷумҳӯри Ироқ ҳам зимни маҳкум кардани амалиёти Туркия дар шимоли Ироқ тасреҳ кард, ҳамалоти мукаррари артиши Туркия ба хоки Ироқ нақзи ҷиддии ҳокимияти Бағдод ва тахалуфи ошкор аз қавонин ва муқарароти байналмиллалӣ ва мағоир бо равобити ҳамсоягӣ аст.

Дар як ҷамъбандии  кулли метавон гуфт, тибқи қонуни мусавабаи порлмони Ироқ дар январи 2020 мабнӣ бар хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ва шикояти ахири Вазорати хориҷаи ин кишвар аз Туркия  ба Шӯрои  Амнияти Созмони Миллалӣ Муттаҳид маҳдудият барои амалиёт ва ҳамалоти Туркия дар шимоли Ироқ эҷод мешавад. Ҳамчунин дар сурати адами таваҷҷӯҳи давлати Анкара ба мухолифатҳои Бағдод эҳтимоли таниш дар равобити сиёсии тарафайн эҷод мешавад ва ин амр ба нафъи субот, амният ва ҳамкории минтақа нахоҳад буд.

Бештар бихонед: