Июл 25, 2022 13:58 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши қимати бензину сӯхти дизелӣ дар Афғонистон

Қимати бензину сӯхти дизелӣ дар Афғонистон пас аз имзои қарордоди хариди нафт аз Эрон коҳиш ёфт.

Бар асоси гузориши марокизи фурӯши маводи сӯхтӣ дар Кобул, ҳар литр сӯхти дизелӣ дар Кобул ба қимати 115 афғонӣ ва ҳар литр бензин низ ба 91 афғонӣ ба фурӯш мерасад, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта панҷ дарсад коҳиш ёфтааст.

Бар асоси эъломи Вазорати дороии давлати муваққати Толибон, дар Афғонистон ҳамчунин як кумитаи муштарак барои имзои қарордодҳои газ, кори сохти хутути лӯлаи маводи нафтӣ ба Афғонистон ва ҳамчунин қарордодҳои баландмуддат ташкил шудааст.