Июл 26, 2022 12:42 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими савгандёдкунии понздаҳумин раиси ҷумҳурии Ҳинд

Маросими савгундёдкунии понздаҳумин раисиҷумҳур ва дуюмин зане, ки дар Ҳинд ин симатро дар ихтиёр гирифта, баргузор шуд.

Драупади Мурму дар интихоботи ҳаждаҳуми июл бо пирӯзӣ дар баробари аслитарин рақиби худ Яшвант Синха номзади мухолифон, ба унвони раиси ҷумҳури мунтахаби Ҳинд муаррифӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Шафақно”, Мурму рӯзи душанбе дар маросими савгандёдкунӣ пирӯзии худ дар интихоботро паёме навидбахш барои қишри фақири Ҳинд донист ва гуфт, дар тӯли раёсати Ҷумҳурии худ дар канори ҷавонон хоҳад буд.

Мурмуи 64 сола номзади эътилофи демократи миллӣ ба раҳбарии Бҳаратия Ҷаната (ҳизби ҳокими BJP бо раҳбарии Норандро Моди) дар гузашта илова бар тасоҳуби чанд пости муҳими давлатӣ фармондори иёлати Ҷорханд будааст.

Раиси ҷумҳурии Ҳинд раиси давлат ва фармондеҳи олии неруҳои мусаллаҳи кишвар аст ва умдатан вазоифи ташрифотиро бар ӯҳда дорад. Тибқи қонуни асосии Ҳинд масъулияти идораи кишвар бар уҳдаи нахуствазир аст.

Мурму аз рӯзи душанбе расман ҷонишини Рам Натх Ковинд (раиси ҷумҳурии қаблӣ) шудааст.

 

Барчасп