Сандуқи байналмиллалии пул : Амалкарди иқтисодии Русия беҳтар аз ҳадди интизор аст
Сандуқи байналмиллалии пул эълом кард, ки ба рағми таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав ба назар мерасад иқтисоди Русия беҳтар аз ҳадди интизор аз туфон убур мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, охирин гузориши Сандуқи байналмиллалии пул дар мавриди чашмандози иқтисоди ҷаҳонӣ баровард тавлиди нохолиси дохилии Русия дар соли ҷориро ба мизони қобили таваҷҷӯҳе 2.5 дарсад афзоиш дод .
Дар ҳамин ҳол Пьер-Оливье Гориншас-иқтисоддони аршади Сандуқи байналмиллалии пул гуфт : Ин як рукуди нисбатани қобили тавваҷуҳ дар Русия дар соли 2022 аст.
Гориншас дар идома афзуд : Як далели калидӣ, ки рукуд ба ҳамон андоза ки интизор мерафт бад пеш нарафт ин буд ки Бонки марказии Русия ва сиёсатгузорони Русия тавонистаанд аз ҳароси банкӣ ё буҳрони молӣ дар ҳангоми эҷоди таҳримҳо ҷилавгирӣ кунанд .
Иқтисоддони аршади Сандуқи байналмиллалии пул хотирнишон кард албатта афзоиши қимати энержӣ миқдори азиме аз даромадро барои иқтисоди Русия фароҳам мекунад.
Идомаи сиёсатҳои хасмонаи Аврупо алайҳи Русия ва ҳимоят аз Украина, ки ба пуштвонаи Вашингтон сурат гирифтааст, акнун ҳаёти сиёсии Аврупоро дар хатар андохтааст.