Эҳзори кордори сафорати Амрико дар Тунис
Вазорати умури хориҷаи Тунис аз эҳзори кордори сафорати Амрико дар эътироз ба изҳороти вазири хориҷаи ин кишвар хабар дод.
Антони Бликен вазири умури хориҷаи Амрико ба тозагӣ бо ишора ба нархи поини мушорикат дар ҳамапурсии ахири Тунис, аз пешнависии қонуни асосии ҷадиди ин кишвар интиқод кард. Бликен гуфта буд ки қонуни асосии ҷадид метавонад ба тазъифи демокроти ва тазъифи эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва озодиҳои асоси дар Тунис мунҷар шавад.
Ба гузориши Садои Хуросон Вазорати хориҷаи Тунис ҷумъа шаб дар баёнияе эълом кард: Кордори сафорати Амрико дар Тунисро дар эътирор ба изҳороти Антони Бликен вазири хориҷаи Амрико эҳзор кардааст.
Вазорати хориҷаи Тунис афзӯдааст: Ба кордори сафорати Амрико иблоғ кардем, ки аз ин изҳороте, ки мунакис кунандаи вазъияти Тунис нест, шигифтзада шудем.
Камисиюни олии мустақили интихоботи Тунис пешнависии қонуни асосии ин кишварро, ки дар 25-уми июн ба ҳамапурси гузашта шуд, ба ин умед, ки Тунисро ба самти суботи сиёси савқе диҳад, тасвиб кард.