Август 02, 2022 15:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин бар зарурати ислоҳи сиёсати ғалати фишори ҳаддиаксарӣ зидди Эрон

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин гуфт, Амрико боиси эҷоди буҳрон дар мавзуи ҳастаии Эрон шуда ва бояд сиёсати ғалати «фишори ҳаддиаксарӣ» зидди Эронро ба таври комил ислоҳ кунад.

Мақомҳои давлати Ҷо Байден дар моҳҳои ахир борҳо ба сароҳат ба шикасти сиёсати фишори ҳаддиаксарӣ эътироф карда ва гуфтаанд, қасд доранд Амрикоро ба БарҶом бозгардонанд, аммо то кунун аз анҷоми иқдомоте, ки барои бозгашт ба ин тавофуқ лозим ҳастанд, сарбоз задаанд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар тозатарин нишасти хабарии худ дар вокуниш ба фурсати тозаи Эрон ба Амрико барои нишон додани ҳусни ният дар раванди музокироти ҳастаӣ гуфт: Амрико боиси эҷоди буҳрон дар мавзуи ҳастаии Эрон шуда ва бояд сиёсати ғалати «фишори ҳаддиаксарӣ» алайҳи Эронро ба таври комил ислоҳ кунад.

Жео Лу Ҷиян гуфт,  Амрико ба унвони кишваре ки оғозгари буҳронсозӣ дар барномаи ҳастаии Эрон будааст ва бояд ба шакли комил сиёсати ғалати фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи Эронро ислоҳ кунад ва ба хостҳои машруъ ва мантиқии Эрон тавваҷуҳ кунад ва танҳо дар ин сурат аст, ки раванди музокирот барои дастёбӣ ба натиҷа дар ояндаи наздик ҳамвор мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп