Улянов: Омодаи ниҳои кардани тавофуқ дар Вена ҳастем
(last modified Thu, 04 Aug 2022 12:04:42 GMT )
Август 04, 2022 17:04 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Омодаи ниҳои кардани тавофуқ дар Вена ҳастем
    Улянов: Омодаи ниҳои кардани тавофуқ дар Вена ҳастем

Намояндаи доими Русия назди сомонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена аз омодагии кишвараш барои ниҳоӣ созии гуфтугуҳо дар Вена бо меҳвари рафъи таҳримҳои золимона ва ғайриқонунии зидди Эрон дар Вена хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Михаил Улянов дар паёми твиттери бо баёни ин ки ҳайатҳои кишварҳои муштараки музокиракунанда қасд доранд баъд аз як вақфаи 5 моҳа ба Вена бозгарданд хотирнишон кард музокиракунандагони Русия омодаи гуфтугӯҳои созанда барои ниҳоӣ кардани тавофуқ ҳастанд.

Ҳусейн Амри Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ахиран таъкид бар ин ки ҳеҷ тардиде дар иродаи Эрон барои расидан ба тавофуқи хуб, қави ва пойдор вуҷуд надорад таъкид кард, агар Амрико бо воқеъбини дар масири ҳосил шудани тавофуқ гом бардорад тавофуқи хуб дар дастрас аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари масъулиятпазир борҳо эълом кард бо таваҷуҳ ба ин ки Амрико тарафе буд, ки тавофуқи БарҶомро нақз кард ин Вашенгтон аст, ки бояд ба рафъи таҳримҳо ба тавофуқ бозгардад ва лозим аст иҷрои таъаҳудоти Амрико мавриди ростиозмои қарор гирад.