Пешниҳоди Ардуғон ба Путин барои дидор бо Зеленский
(last modified Sun, 07 Aug 2022 12:51:24 GMT )
Август 07, 2022 17:51 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Ардуғон ба Путин барои дидор бо Зеленский
    Пешниҳоди Ардуғон ба Путин барои дидор бо Зеленский

Раиси Ҷумҳурии Туркия гуфт, ки аз ҳамтои руси худ барои дидор бо Владимир Зеленский, раиси Ҷумҳурии Украина дар Анкараро даъват карда аст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Раҷаб Тайб Ардуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия пас аз бозгашт аз Сочи Русия ба хабарнигорон гуфт: Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуд муътақид аст, ки буҳрони Украина бар сари мизи музокирот ҳал хоҳад шуд ва ба ҳамин хотир як бори дигар ба Владимир Путин, раиси Ҷумҳурии Русия ёдовари кард, ки метавонад бо Зеленский дидор кунад.

Артиши Русия бо ҳадафи кумак ба дархости мақомот минтақаҳои Луганск ва Донетск дар муқобили ҳамалоти Украина, 24 феврал ба ин кишвар ҳамла кард.

Туркия низ бо бархе аз мушкилоти дохили ва беруни марзӣ ру ба ру аст талоши ҳамаҷонибаро дар арсаи байналмиллалӣ барои ифои нақши миёнҷигари дар ҳалли буҳрони Украина оғоз карда аст.