Декабр 03, 2016 11:58 Asia/Dushanbe
  • Ҷон Кирби: Таҳримҳои ҳастаии Эронро аз ISO ҳазф мекунем

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико таъкид кард, ки тамдиди таҳримҳо аз назари Ҳукумати Амрико ғайрзарурӣ будааст ва Ҳукумати Амрико ҳамчунон нисбат ба тааҳҳудоти худ дар робита ба тавофуқномаи ҳастаӣ пойбанд хоҳад монд.

Ба гузориши ИРНА, Ҷон Кирби рӯз ҷумъа дар конфронси хабарие бо баёни ин ки эҳтимол дорад, Обама лоиҳаи мусаввабаи Сенатро мавсум ба ISO имзо кунад, таъкид кард, бо ин ҳол, вазири умури хориҷии Амрико бо истифода аз ихтиёроте, ки дар чаҳорчӯби ҳамин лоиҳа ба ӯ вогузор шудааст, ҳама таҳримҳои муртабит ба барномаи ҳастаии Эронро аз ин лоиҳа ҳазф хоҳад кард.

Кирби сарфи назар кардан аз таҳримҳои ҳастаиро бахше аз тааҳҳудоти Амрико дар қиболи тавофуқ бо Эрон дониста тасреҳ кард, тамдиди ин таҳримҳо наметавонад кишварашро аз пойбандӣ ба тааҳҳудоташ дар робита ба тавофуқномаи ҳастаӣ бо Эрон боздорад ва то замоне ки Эрон ба тааҳҳудоти худ пойбанд бимонад, ин ривол идома хоҳад дошт. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико афзуд, масъалаи муҳим аз назари Вашингтон ин аст, ки тавофуқи ҳастаӣ дуруст иҷро шавад ва агарчи Ҳукумати Амрико муътақид аст, тамдиди чунин таҳримҳо ғайризарурӣ аст, аммо дар айни ҳол ин эътиқодро ҳам дорад, ки ин таҳримҳо бо тааҳҳудоти Амрико нисбат ба БАРҶОМ (тавофуқ ҳастаӣ) мухолифат надорад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико таҳримҳои тамдидшударо алайҳи Эрон таҳримҳои "покиза" хонда, дар тавзеҳи он афзуд, ин таҳримҳо то кунун низ ҷараён доштааст ва тамдиди онҳо ба маънии афзудани моддаи тозае ба ин маҷмӯа набуда, сирфан ин маҷмӯа ба муддати 10 соли дигар тамдид шудааст.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта намояндагони Сенати Амрико таҳримҳои 10-сола алайҳи Эронро мавсум ба ISO бо аксарияти мутлақи оро тамдид кард. Мақомоти Эрон тамдиди ин бастаи таҳримиро нақзи тавофуқи ҳастаӣ медонанд.