Таъкиди Қазоқистону Миср бар тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба
Муовини вазири хориҷаи Қазоқистон дар сафар ба Қоҳира бо мақомоти мухталифи Миср дидор ва бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар дидори Одил Турсунов бо Сомиҳ Шукрӣ-вазири умӯри хориҷаи Миср дар мавриди масоили ҳамкории дуҷониба ва таъомули ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмиллалӣ табодули назар ва ба мавзӯъоти марбут ба омодагӣ барои нишасти ояндаи конфаронси таъомулу эътимодсозии Осиё, ки дар 12 то 13 октябри 2022 дар Нурсултон баргузор мешавад, тавваҷуҳи вижа шуд .
Ду тараф ҳамчунин дар мавриди барномаи дидорҳои дуҷониба дар сутӯҳи олӣ дар тӯли солҳои 2022 - 2023 гуфтугу карданд .
Дар чорчуби гуфтугу бо Айҳоб Бадавӣ- муовини вазири умӯри хориҷаи Миср мавзӯъоти таъомули ду кишвар дар чорчуби конфаронси таъомулу эътимодсозии Осиё баррасӣ шуд .
Дипломати мисрӣ таи ин дидор аз иқдомоти Қазоқистон ба унвони раиси ин конфаронс қадрдонӣ ва аз ибтикороти Нурсултон барои таҳаввул ва тавсеъаи наҳодии ин созмон ҳимоят кард .
Дипломати қазоқ дар чорчӯби омодагӣ ба баргузории ҳафтумин Конгресси раҳбарони адёни ҷаҳонӣ ва суннатӣ бо Абдурраҳмон Мусо-мушовири муфтии аъзами Алазҳар дидор ва бо таъкид гуфт : Мушорикати шахсии шайх Аҳмад Аттайиб-муфтии аъзами Алазҳар дар ин конгресс баёнгари аҳамияти тақвияти гуфтугӯи ҷаҳонии байни адён аст.