Замингир кардани паҳподи Арманистон тавассути ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон мегуяд як паҳподи мутаъаллиқ ба неруҳои ниманизомии Арманистонро дар шаҳри Шуша расад ва ба замин нишондааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон афзуд : Ин паҳподи неруҳои нисанизомии арманӣ дар талош буд то дар рӯзи 13 август бар фарози мавозиъи қисмҳои неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар атрофи минтақаи Шуша парвози шиносоӣ анҷом диҳад .
Пеш аз ин Илҳом Алиев-раиси ҷумҳӯри ҷумҳурии Озарбойҷон дар нутқи телевизиюнӣ таъкид карда буд, ки ин ҳаққи Боку аст, ки амалиёти низомӣ дар Қарабоғ анҷом диҳад, мушобеҳи ончи неруҳои мусаллаҳи ин кишвар дар авоили моҳи август бо истифода аз паҳпод,тупхона ва норанҷакандоз дар гузаргоҳи Лочин анҷом доданд .