Декабр 03, 2016 14:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин ҷиҳати осон кардани раванди касби мақоми шаҳрвандӣ

Раисҷумҳури Русия гуфт, раванди касби шаҳрвандии Русия барои шаҳрвандони кишварҳои шӯравии собиқ бояд осон шавад.

Ба гузориши "Интерфакс", Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар нишасти муштараки Шӯрои фарҳангу ҳунар ва забони русии раёсатҷумҳури Русия гуфт, бояд барои ҳазфи монеаҳои идорӣ аз раванди сабти ном ва гирифтани мақоми шаҳрвандии Федератсияи Русия, бавижа барои шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иқдомҳои лозимӣ сурат гирад. Путин афзуд, “ман борҳо ва борҳо таваҷҷуҳи ҳукуматро ба ин воқеият ҷалб кардаам, ки масоили марбут ба касби шаҳрвандии Русия, бавижа барои гурӯҳҳои хосе аз шаҳрвандони шӯравии собиқ бояд то ҳадди ниҳоӣ осон карда шавад”.

Ба гуфтаи Владимир Путин, дар Русия монанди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибан беш аз 10 миллион шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ дар вазъияти ғайрқонунӣ ё нимақонунӣ ба сар мебаранд ва ин боиси нигаронии мардум, бавижа дар вилоятҳои бузурги ин кишвар шудааст, ки бояд барои он чораандешӣ шавад.

 

Барчасп