Ҳамла бо мошин ба бинои Конгресси Амрико
(last modified Mon, 15 Aug 2022 07:55:21 GMT )
Август 15, 2022 12:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳамла бо мошин ба бинои Конгресси Амрико

Полиси Амрико аз ҳамлаи мошин ба майдони Конгресс дар Вашингтон, пойтахти ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс», полиси Амрико эълом кард, ки як нафар субҳи рӯзи якшанбе пас аз бархӯрди мошинаш ба монаи наздикии майдони Конгресси Амрико дар Вошингтон ва тирандозии ҳавоӣ аз дохили мошин, худкушӣ кардааст.

Ҳувият ё ангезаи омили ин ҳамла ҳанӯз мушаххас нашудааст ва ба гуфтаи полиси Амрико, ӯ замоне худкушӣ кардааст, ки маъмурони полис наздик шудаанд.

Ин ҳодиса ҳамзамон бо рӯёрӯии нерӯҳои амниятии Амрико бо шумори физояндае аз таҳдиду ҳушдори мақомҳои ин кишвар дар бораи ҳамлаҳои хушунатомези эҳтимолӣ ба биноҳои ҳукуматӣ дар пайи ҳамлаи полиси федеролии Амрико (FBI) ба қароргоҳи президенти пешини Амрико - Доналд Трамп дар иёлати Флорида рух додааст.

Дар ин ҳодиса касе осеб надидааст.