Эрдуғон: Амрико дар паси нооромиҳо дар Ироқ аст
(last modified Fri, 19 Aug 2022 14:14:09 GMT )
Август 19, 2022 19:14 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон Амрикоро ба ҳимоят аз террористон муттаҳам кард
    Эрдуғон Амрикоро ба ҳимоят аз террористон муттаҳам кард

Раиси ҷумҳурии Туркия эълом кард, Амрико дар паси нооромиҳо дар Ироқ аст ва гуруҳҳои террористӣ дар Сурияро тағзия мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия имрӯз, ҷумъа ҳангоми бозгашт аз Украина дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: «Агар имрӯз дар Ироқ нооромӣ вуҷуд дорад, мутаассифона Амрико дар паси он аст, амрикоиҳо ҳамчунон гуруҳҳои террористӣ дар Сурияро тағзия мекунанд».

Эрдуғон ҳамчунин бо ин муддао, ки Туркия ба хоки Сурия чашм надорад ва фақат ба дунболи муқобила бо терроризм дар шимоли ин кишвар аст, афзуд, Анкара дар бораи ҳар иқдоме, ки қарор бошад дар Сурия анҷом гирад, бо Русия дар иртибот хоҳад буд.