Афзоиши эътимоди мардуми Русия ба Путин
(last modified Sat, 20 Aug 2022 06:44:13 GMT )
Август 20, 2022 11:44 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши эътимоди мардуми Русия ба Путин

Натоиҷи охирин назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки 80 дарсад аз мардуми Русия ба Владимир Путин, раисиҷумҳурии ин кишвар эътимод доранд.

Назарсанҷиҳои анҷом шуда дар Русия аз замони шуруи амалиёти ин кишвар дар Украина дар авохири феврал ҳокӣ аз афзоиши маҳбубият Путин аст. Назарсанҷии анҷом шуда дар июни соли 2021, мизони эътимод ба Путинро 57 дарсад, бе эътимодӣ ба вайро 32 дарсад ва афроди фоқиди назари хосро 11 дарсад унвон карда буд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, бар асоси назарсанҷии суратгирифта тавассути Маркази таҳқиқоти афкори умумии Русия, эътимоди ҳафтагии мардуми Русия ба Путин ба 80 дарсад расидааст.

Дар ҳафтаи гузашти мизони таъйиду эътимоди мардуми Русия ба Путин 77.8 дарсад буд, ки дар назарсанҷии ҷадид ба 80 дарсад афзоиш ёфтааст.

Натоиҷи назарсанҷӣ ҳамчунин нишон медиҳад, ки мизони ризояти мардум аз амалкарди Михаил Мишустин, нахуствазири Русия 63.4 дарсад аст.

Ин назарсанҷӣ аз 8 то 14 август дар миёни як ҳазору 600 посухгӯи болои 18 сол анҷом шуд.