Поёни маофияти мамнуияти сафар барои масъулони Толибон
(last modified Sat, 20 Aug 2022 07:13:34 GMT )
Август 20, 2022 12:13 Asia/Dushanbe
  • Поёни маофияти мамнуияти сафар барои масъулони Толибон

Маофияти мамнуияти сафар, ки 13 масъули Толибон аз он баҳра мебурданд, шаби ҷумъа ба вақти Ню-Йорк ба поён расид. Тамдиди эҳтимолии ин маофиятҳо мусталзими тавофуқи аъзои Шурои амният аст.

Бар асоси қатъномаи Шурои амнияти Созмони милал, 135 узви масъули Толибон машмули таҳримҳое, аз ҷумла масдудсозии дороиҳо ва мамнуият сафар ҳастанд.

Вале 13 нафар аз онҳо аз мамнуияти сафар маоф буданд то битавонанд бо масъулони дигар кишварҳо дидор кунанд.

Кумитаи таҳримҳои Афғонистон шомили 15 узви Шурои амнияти Созмони милал, дар моҳи июн, дар вокуниш ба маҳдудсозии ҳуқуқи занону духтарон тавассути Толибон, номи ду вазири Толибон муртабит бо омузишро аз феҳристи маофиятҳо хориҷ кард. Дар ҳамон замон , ин маофиятҳо барои соири масъулони Толибон ба муддати ду моҳи дигар тамдид шуд.

Дар ҷараёни баҳсҳо, Русия ва Чин бори дигар хоҳони тамдиди ду моҳаи муаофиятҳо буданд. Амрико ҳам хоҳони феҳристи кучактаре аз афроди маоф аз мамнуияти сафар буд. Дар охирин матни пешниҳодӣ, шаш масъули Толибон маоф аз мамнуият сафар ҳастанд.

Дар сурате, ки ҳеҷ як аз аъзои Шурои амният мухолифат накунад, ин матн аз баъд аз зуҳри душанбе иҷроӣ хоҳад шуд ва се моҳ эътибор хоҳад дошт.

Бештар бихонед: