Август 22, 2022 16:16 Asia/Dushanbe
  • Меси рекорддори футболи Аврупо шуд
    Меси рекорддори футболи Аврупо шуд

Ситораи Аргентини тими футболи Париж Сен-Жермен рекорди ҷадидеро сабт кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, шаби гузашта дар чорчуби ҳафтаи севуми лиги Фаронса тими футболи Париж Сен-Жермен ба масофи Лил рафт ва ба бартарии пурголи 7 бар 1 расид.

Килиан Мбаппе дар дақиқаи 1, 66 ва 87, Меси 28, Ҳакими 39 ва Неймар 44 ва 52 барои Париж Сен-Жермен голзани карданд Леонал Меси дар ин бози ба рекорди ҷадиди даст пайдо кард.

Меси теъдоди посҳои голи худро дар соли 2022 ба адади 12 расонд то аз ин тариқ рекорддор шавад.

Меси дорандаи 7 тупи тиллои беҳтарин бозикуни дунё барои аввалин бор дар 16 соли гузашта дар феҳрасти номзадҳои касби ҷоизаи тупи тиллои 2022 ҳузур надорад.