Нуфӯзи ҷосӯси рус ба болотарин ҳалқаҳои НАТО
(last modified Fri, 26 Aug 2022 14:32:38 GMT )
Август 26, 2022 19:32 Asia/Dushanbe
  • Нуфӯзи ҷосӯси рус ба болотарин ҳалқаҳои НАТО

Пас аз мушаххас шудани ҳувияти як ҷосӯси рус расонаҳо эълом карданд, токунӯн ҳеч омили русӣ то ин андоза ба НАТО нуфӯз накарда буд.

Давлати Русия тайи моҳҳои гузашта бо ҳушдор дар бораи тавсеаталабии Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар шарқи Аврупо, пешниҳодоте замонати амниятиро ба Амрико ва НАТО ироа дод, аммо ин пешниҳодот рад шуданд.

Ҳамзамон бо дархостҳои мукаррари Украина барои пайвастан ба НАТО ва дарёфти кумакҳои чандинмиллион долларии ин кишвар аз ғарбиҳо, ҳамлаи Русия ба Украина аз 24 феврал ва бо дастури Владимир Путин, раисиҷумҳурии Русия оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши Спутник, расонаҳои ғарбӣ дар бораи як ҷосӯси рус дар пойгоҳи НАТО дар Неапол менависанд, ки бо болотарин радаҳои НАТО ва нерӯи дарёии Амрико дар тамос будааст.

Ин манобе эълом карданд, ки ҷосӯси рус Мария Аделаи  30 сола, дурагаи олмонист, ки дар Перу мутаваллид шудааст.

Ҳамчунин гузориш шуда, ки ради пои аслие, ки ӯро бо сервисҳои махфии Маскав муртабит мекунад. Ин ҷосӯси рус гузарномаи русӣ дошта ва бо он вориди Италия шудааст.

Пеш аз ин Албания муддаӣ шуд, ки 3 нафар бо паспортҳои русӣ ва украинӣ талош кардаанд вориди як марказ шаванд. Эълом шудааст, ки ин 2 мард ва як зан ба далели ҷосӯсӣ аз ин узви НАТО боздошт шудаанд.