Декабр 04, 2016 12:10 Asia/Dushanbe
  • Маросими хоксупории раҳбари инқилоби Куба

Маросими хоксупории раҳбари инқилоби Куба бо ҳузури шуморе аз сарон ва сиёсатмадорони Амрикои Ҷанубӣ баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Раул Кастро, раисиҷумҳури Куба рӯзи шанбе дар ҷамъи даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми ин кишвар, ки ба ҳамроҳи мақомот ва шахсиятҳо дар майдони аслии шаҳри Сантяго барои ширкат дар маросими хоксупории Фидел Кастро, раҳбари инқилоби Куба гирдиҳам омада буданд, гуфт, аз мероси инқилобии ин кишвар дифоъ хоҳад кард. Фидел Кастро қарор аст, дар қабристоне дар шарқи шаҳри Сантягои Куба, ҷое, ки хокистари Хосе Марти, раҳбари Ҷунбиши истиқлоли Куба низ дар онҷо дафн шудааст, дафн шавад.

Бисёре аз сарони кишварҳои Амрикои Лотин, аз ҷумла Эво Моралес, раисҷумҳури Боливия низ дар ин маросим ширкат карданд.

Фидел Кастро, раҳбари инқилоби Куба, шанбе 20 ноябр дар сини 90 солагӣ даргузашт.

Фидел Кастро илова бар раҳбари инқилоби Куба, аз соли 1959 то 1976 ба унвони нахуствазири Куба ва сипас ба унвони раисиҷумҳури ин кишвар аз соли 1976 то 2008 машғул фаъолият буд.