Ҷангалсӯзиҳои Австралия; муҳимтарин омили афзоиши ҳарорати замин
(last modified Sat, 27 Aug 2022 05:45:02 GMT )
Август 27, 2022 10:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷангалсӯзиҳои Австралия; муҳимтарин омили афзоиши ҳарорати замин

Пойгоҳи хабарии Вашингтон Пост дар гузорише навишт: ҷангалсӯзиҳои Австралия сабаби афзоиши шадиди ҳарорати замин шудааст.

Қабати озон нурҳои ултрабунафши вурӯдӣ аз хуршед кумак мекунад ва аз ҳаёт рӯи замин дар баробари асароти музири он монанди саратони пӯст ва ташкили оби марворид муҳофизат мекунад.

Пойгоҳи хабарии Вашингтон Пост афзуд, фасли оташсӯзии Австралия дар авохири соли 2019 ва авоили соли 2020 ва партоби дӯдҳои ношӣ аз он то 20 моилӣ ба осмон, бешабоҳат ба як инфиҷори ҳастаӣ набуд.

Натоиҷи таҳқиқоти илмӣ, ки дар рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, нишон медиҳад, зарроти муъаллақи дӯдӣ боиси болотарин дараҷаи ҳарорат дар стратосфераи атмосфера, дар ҳудӯди се даҳаи гузашта шуда ва эҳтимолан ба лояи озон осеб расондааст.

Ин гузориш афзуд, дар моҳҳои нахусти авоили 2020 гармояши ногаҳонӣ ва ғайримунтазираи стратосфераи ҷаҳонӣ дар атрофи Австралия ба 3 дараҷаи сонтиград ва дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳудӯди 0.7 дараҷаи сонтиград  афзоиш ёфт.

Муҳаққиқон мегӯянд, ин болотарин дамои сабт шуда дар стратосфераи ҳаво аз замони фаварони кӯҳи Пинатубо дар Филиппин дар соли 1991аст.

Бар асоси гузориши Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ, ҳуфраи озоноие, ки дар пайи оташсӯзиҳои соли 2020 бар фарози қутби ҷануб ташкил шуд, тӯлонитарин ва яке аз бузургтарин ва амиқтарин сӯрохҳои чанд даҳаи ахир буд.