Август 27, 2022 11:10 Asia/Dushanbe
  • Мухолифат бо мусодираи дороиҳои боздоштшудаи Афғонистон дар Амрико

Намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, додгоҳи Ню-Йорк пардохт ғаромат аз дороиҳои масдудшудаи Афғонистон ба нафъи қурбониёни 11 сентябрро рад кардааст.

Амрико пас аз ду даҳа ишғоли Афғонистон, дар августи соли 2021 ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои Толибон ба Кобул, нерӯҳои худро аз ин кишвар хориҷ кард. Ба дунболи он Вашингтон пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон ба баҳонаҳои беасос ҳудӯди 10 миллиарддоллар аз дороиҳои мардуми Афғонистонро тасоҳуб ва ин кишварро таҳрим кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Садои афғон (Ово), Насираҳмад Фоиқ, намояндаи Афғонистон дар Созмони Милали Муттаҳид имрӯз (шанбе) дар паёме навишт: «Додгоҳи Ню-Йорк дархости пардохт ғаромат аз сармояҳои мунҷамид шудаи Бонки марказии Афғонистон ба хонаводаҳои қурбониёни рӯйдоди 11 сентябрро рад кардааст».

Фоиқ афзуд: «Умед аст, сармояҳои масдӯд шудаи Афғонистон ба зудӣ озод шуда ва аз он бар асоси як системаи шаффоф ва назоратӣ, ба тавсеа ва кумак ба мардуми ниёзманди Афғонистон истифода шавад.»

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико бо судӯри ҳукме 3,5 миллиарддоллар аз дороиҳои масдӯд шудаи Афғонистонро барои кумакрасонӣ ба мардуми ин кишвар ва боқии онро ба хонаводаҳои қурбониёни рӯйдоди 11 сентябр ихтисос дода буд.

 

Барчасп