Таҳлил: Меъёрҳои дугонаи озодии баён дар Амрико+назари коршинос
(last modified Sat, 27 Aug 2022 14:36:13 GMT )
Август 27, 2022 19:36 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Меъёрҳои дугонаи озодии баён дар Амрико+назари коршинос

Дар пайи изҳороти Нодири Ҳошимӣ, устод ва раиси Маркази мутолиоти Ховари Миёнаи Донишгоҳи Денвер, мабнӣ бар эҳтимоли даст доштани Исроил дар ҳамла ба Салмони Рушдӣ, ҷумҳурихоҳони Конгресси Амрико нисбат ба нуфӯзи Эрон дар муассисоти донишгоҳии Амрико ҳушдор дода ва эълом карданд, ки қасд доранд дар моҳҳои оянда дар ин иртибот таҳқиқу тафаҳҳус анҷом диҳанд.

Нодири Ҳошимӣ, ахиран дар мусоҳибае гуфт, таваҷҷуҳ ба мухолифати Исроил бо эҳёи БарҶом, мумкин аст, Мосад бо ҳадафи эҷоди ихтилол дар музокирот, зориби Салмон Рушдиро ба анҷоми ин ҳамла таҳрик карда бошад.

Сарони ҳавзаи сиёсати хориҷии Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳушдор доданд, ки ин изҳорот нишондиҳандаи густариши нуфӯзи таблиғотии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муассисоти донишгоҳии Амрико аст. Greg Steube, узви ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико, гуфт, изҳороти устоди донишгоҳи Деневр мабнӣ бар нақш доштани Исроил дар ҳамла ба Салмон Рушдӣ, хатарнок ва ғайри воқеӣ аст ва ба густариши яҳудистезӣ дар донишгоҳҳои Амрико мунҷар мешавад.

Ин мақомоти аршад таъкид карданд, ки дар моҳҳои оянда бо ҳадафи муқобила бо ончӣ яҳудистезӣ ва густариши теорияҳои тавтеа алайҳи Амрико тавсиф карданд, аз муассисоте ҳамчун донишгоҳи Деневр таҳқиқ ва тафаҳҳусиро оғоз хоҳанд кард.

Jim Banks, узви ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико, гуфт, теорияҳои тавтеаи зидди яҳудӣ ва зиддиамрикоӣ акнӯн дар донишгоҳҳои Амрико густариш ёфта ва зеҳни донишҷӯёнро масмӯм мекунад. Ҷумҳурихоҳон бояд бар асотиде, ки таблиғоти зидди яҳудии ҳукумати Эронро тарвиҷ мекунанд, назорат дошта бошанд.

Ҷумҳурихоҳон муддаӣ шудаанд, ки барои ба истилоҳ муқобила бо нуфӯзи кишварҳои хориҷӣ, бавижа Эрону Чин, дар муассисоти донишгоҳӣ дар ҳоли таҳияи чанд тарҳ ҳастанд то онҳоро дар Конгресси баъдӣ, ки эҳтимоли аксарият ёфтани ҷумҳурихоҳон дар он зиёд аст, ироа кунанд.

Мавзегирии тунди сарони ҷумҳурихоҳон алайҳи Нодири Ҳошимӣ бори дигар вуҷӯди меъёрҳо ва стандартҳои дугона дар масъалаи озодии баён дар Амрикоро барҷаста кардааст. Дар ҳоле, ки ин устоди донишгоҳ сирфан ба баёни дидгоҳи худ дар заминаи ҳамла ба Салмон Рушдӣ пардохтааст, аммо ҳадафи ҳамалоти лафзӣ, қарор гирифта ва эҳтимолан бо таваҷҷуҳ ба фишорҳои мақомоти ҷумҳурихоҳ, бархӯрдҳои вай анҷом хоҳад гирифт.

Аммо саол инҷост, ки вай бо баёни назари худ, кадом қонӯни Иёлоти муттаҳидаро нақз карда ё инки, таъкиди вай бар нақши эҳтимолии режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Салмон Рушдӣ чӣ иртиботе бо масъалаи яҳудиситезӣ дорад? Оё баробар донистани ҳар гуна изҳори назаре дар бораи Исроил мусовии мавзеъгирӣ зидди яҳуд аст?

Агар ин гӯна бошад, бояд баёнияҳо ва гузоришҳои созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва низ Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал дар интиқод аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниёнро ба масобеҳи яҳудиситезӣ, талаққӣ кард. Дар ҳоле, ки на Созмони милал ва на бисёре аз кишварҳои ҷаҳон чунин дидгоҳе надошта ва муътақид ба вуҷӯди тамоюз байни режими саҳюнистӣ ва яҳӯдиёни ҷаҳон ҳастанд. Дар ин росто низ Ҷумҳурии Исломии Эрони борҳо бар тамоюз байни саҳюнизм ва яҳӯдият таъкид кардааст.

Нуктаи дигаре, ки бояд дар ин замина гӯшзад шавад, ин аст, ки ғарбиҳо аз ҷумла амрикоиҳо дар мавориде монанди интишори карикатурҳои тавҳиномез алайҳи соҳати муқаддаси Паёмбари Ислом (с) ва интишори китоби мувҳини «оёти шайтонӣ», ба тавҷеҳ муҷоз будани ин гӯна иқдомот ба баҳонаи озодии баён мепардозанд. Дар ҳоле, ки нигоҳе ба меъёрҳои дугонаи Ғарб, аз ҷумла Амрико дар бораи озодии баён нишон медиҳад, ки ин масъала фақат замоне мисдоқ дорад, ки бо зери савол бурдану тавҳин ба мавзуоте, аз ҷумла тавҳин ба муқаддасоти мусулмонон ҳамроҳ бошад. Дар ғайри ин маворид, мавзуоте монанди масъалаи Ҳолокаст ва матраҳ кардани нақши эҳтимолии режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Салмон Рушдӣ, бо шадидтарин бархӯрдҳо мувоҷеҳ мешавад.