Улянов: Русия муқассири буҳронҳои сегонаи Аврупо нест
(last modified Mon, 29 Aug 2022 09:32:24 GMT )
Август 29, 2022 14:32 Asia/Dushanbe
  • Улянов: Русия муқассири буҳронҳои сегонаи Аврупо нест
    Улянов: Русия муқассири буҳронҳои сегонаи Аврупо нест

Намояндаи Русия дар созмонҳои байналмилалӣ дар Венаи Австрия дар паёме твиттерӣ таъкид кард, ки Русия муқассири буҳронҳои сегонаи Аврупо набудаву муқассир ҷилва додани Русия низ кумаке ба ҳалли мушкилот нахоҳад кард.

Михаил Улянов дар паёме твиттерӣ ба изҳороти ахири Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар бораи буҳронҳои сегонаи аврупоӣ вокуниш нишон дод.

Вай дар ин паём навишт: «Буҳронҳои сегона (Аврупо) то ҳадди зиёде сохтаи дасти башар будаву тарафе, ки муқассири он аст, Русия нест».

Улянов изофа кард: «Муқассир ҷилва додани Русия барои иштибоҳоташон дар бахши иқтисодӣ сода аст, аммо ин мавзуъ кумаке ба шиносоии решаҳои аслии мушкилоти кунунӣ ва ёфтани беҳинатарин роҳҳо барои пирӯз омадан бар онҳо намекунад».

Боррел шомгоҳи якшанбе дар паёме твиттерӣ навишта буд: «Буҳронҳои сегонаи иқтисодӣ, энержӣ ва ғизо бар тамоми мо таъсир хоҳад гузошт ва мо ниёзманди рӯи даст гирифтани иқдом барои муқобила бо он ҳастем ва мо ҳамагӣ дар сатҳи Аврупову шуракои аврупоӣ қодир ба анҷоми он ҳастем».

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса низ юа фаронавиҳо ҳушдор дод, ки бо «поёни фаровониҳо» рӯ ба рӯ ҳастанд.