Тафсир: Размоиши муштараки Ҷопон ва Амрико, аҳдоф ва паёмадҳои он
(last modified Mon, 29 Aug 2022 12:29:26 GMT )
Август 29, 2022 17:29 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Размоиши муштараки Ҷопон ва Амрико, аҳдоф ва паёмадҳои он

Баргузории размоиши муштараки Ҷопону Амрико аз тақвияти равобити низомии дуҷониба ҳикоят дорад, ба хусӯс онки ин размоиш бо ҳадафи омӯзиши тирандозӣ бо силоҳҳои навин баргузор мешавад.

Дар ин размоиш беш аз ду ҳазор низомии амрикоӣ ва ҷопонӣ ҳузур доранд ва дар шаҳри Яматои вилояти Кумамото (Kumamoto) ҷазираи ҷазираи Кюсюи Ҷопон баргузор мешавад ва барои аввалин бори нерӯҳои ҷопонӣ аз мӯшакандози дастии зидди танки сохти Амрико истифода мекунанд.

Бар асоси модаи нуҳуми Қонӯни асосии Ҷопон ин кишвар наметавонад, артиш дошта бошад ва ба қудрати низомӣ табдил шавад. Талошҳои Синдзо Абэ,  нахуствазири террор шудаи Ҷопон барои ислоҳи қонӯни асосии ин кишвар барои доштани артиши қудратманд бенатиҷа монад, аммо Амрико, ки дар солҳои ахир аз муҳаррикҳои аслии низомигароии Ҷопон будааст ба ин кишвар иҷоза дод, ин равандро бо ҷиддият ва таҳти унвони муқобила бо ончӣ таҳдидоти Кореяи Шимолӣ ва Чин унвон ва тавҷеҳ мекунад, дунбол то дар оянда дорои артиши қудратманд шавад.

Ин дар ҳоле аст, ки мардуми Ҷопон ҳамчунон мухолифи низомигароии Ҳизби ҳокими либерол-демократ аст, ки ахиран хези баландеро барои тавсеаи беш аз пеши равобит бахусӯс дар бахши низомӣ бо Амрико бардоштааст.