Дидори Зеленский бо раиси Ожонси байналмилалии энержии атомӣ
Раисиҷумҳури Украина асри сешанбе бо раиси Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) ва тими ҳамроҳи ӯ пеш аз боздиди онҳо барои арзёбии нерӯгоҳи ҳастаии Запороже, ки дар кантроли Русия аст дар Киев дидор кард.
Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожье бузургтарин нерӯгоҳи Аврупо дар моҳи март ба тасарруфи неруҳои Русия даромад. Ин нерӯгоҳ дар наздикии хати муққадам боқимонда ва дар ҳафтаҳои ахир борҳо мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Украина ва Русия ҳар ду якдигарро ба гулӯдаборони ин таъсисот муттаҳам мекунанд.
Гросси, раиси Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) ва як тими 14 нафара авохири рӯзи душанбе вориди Киев шуданд то барои боздид аз нерӯгоҳи Запороже, ки таҳти кантроли артиш Русия аст, омода шаванд.
Зеленский дар ин дидор гуфт: «Ин нерӯгоҳ, яке аз авлавиятҳои аслии амнияти Украин ва ҷаҳони имрӯз аст.»
Ин дар ҳоле аст, ки Зеленский шомгоҳи ҷумъа ҳушдор дода буд, ки авзоъ дар нерӯгоҳи атомии Запороже ҳамчунон бисёр хатарнок аст.
Ба дунболи фазосозии ахири расонаҳои ғарбӣ дар бораи вазъияти ин нерӯгоҳ, Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ахиран мақомоти украинӣ ва кишварҳои ғарбиро ба талош барои эҷоди фоҷеъае мушобеҳи фоҷеъаи атомии Чернобил дар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже муттаҳам кард.