Август 31, 2022 18:41 Asia/Dushanbe

Вазири умури хориҷаи Русия дар ибтидои нишасти хабарии муштарак бо Ҳусайни Аамирабдуллоҳиён гуфт, равобити мо бо Эрон ба сатҳи роҳбурдӣ ҳаракат мекунад ва имкон дорад нақшаи роҳи иқтисодӣ таҳия кунем.

Ба гузориши бахши байналмилали Хабаргузории садо ва симо, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз (чаҳоршанбе) пас аз дидору гуфтугӯ бо Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Маскав дар нишасти хабарии муштарак ҳузур ёфт ва зимни ташреҳи ройзаниҳои анҷомшуда ба суолоти хабарнигорон посух дод.

Вай дар ибтидо зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Маскав ва дидор бо ҳамтои руси худ гуфт, дар гуфтугӯҳои имрӯз ҳомили паёми яке аз раҳбарони аврупоӣ ва дархости онҳо аз оятуллоҳи Раисӣ дар мавзуи Украина будем.

ِВай дар идома гуфт: Идеяҳое барои кумак ба барқарории сулҳу оромиш ва таваққуфи ҷанг дар Украина матраҳ аст ва ин идеяҳоро бо оқои Лавров матраҳ кардем. Эрон мавозеи худро дар хусуси Украина дар олитарин сатҳ ба равшанӣ баён кардааст.