Расонаи амрикоӣ: Тавофуқи эҳтимолӣ бо Эрон дар чанд марҳила иҷро мешавад
(last modified 2022-09-01T05:57:16+00:00 )
Сентябр 01, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • Расонаи амрикоӣ дар бораи тавофуқи БарҶом гуфт
    Расонаи амрикоӣ дар бораи тавофуқи БарҶом гуфт

Як расонаи амрикоӣ бо истинод ба пешнависи тавофуқи ироашуда аз сӯи Иттиҳоди Аврупо иддао кард, ки дар сурати дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон, тавофуқи эҳтимолӣ дар чанд марҳила иҷро хоҳад шуд.

Расонаи амрикоии “Оксиюс” асри чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ дар гузорише навишт, ки бар асоси пешнависи тавофуқе, ки Иттиҳоди Аврупо кардааст, тарафҳои БарҶом танҳо баъд аз такмили иҷрои ҳар гом ба иҷрои марҳилаи баъдӣ хоҳанд рафт.

Дар ин гузориш омадааст, ки интизор меравад марҳилаи сеюм, ки марҳилаи бозиҷрост, чаҳор моҳи баъд аз имзои БарҶом ба вуқуъ бипайвандад. Дар ин марҳила Амрико ҳамаи таҳримҳои сонавия алайҳи Эронро рафъ хоҳад кард ва иқдомоти дигаре, аз ҷумла таомул бо бахши хусусӣ дар хусуси наҳваи анҷоми тиҷорат бо Эронро дар дастури кор қарор хоҳад дод.

Гузориши “Оксиюс” дар замоне мунташир мешавад, ки Эрон дар ҳоли баррасии матни ироашуда аз сӯи Иттиҳоди Аврупо дар хусуси тавофуқи марбут ба иҷрои комили БарҶом аст. Эрон як бор назароташ дар хусуси ин тавофуқро аз тариқи Иттиҳоди Аврупо дар ихтиёри Амрико қарор додаву Амрико ҳам нукоташро дар ии бора ироа кардааст.

 

Барчасп