Тирандозӣ дар Лос Анҷелеси Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i9061-Тирандозӣ_дар_Лос_Анҷелеси_Амрико
Тирандозӣ дар ҷануби шаҳри Лос Анҷелес, иёлати Калифорнияи Амрико дастикам шаш кушта бар ҷой гузошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 04, 2016 18:51 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ дар Лос Анҷелеси Амрико

Тирандозӣ дар ҷануби шаҳри Лос Анҷелес, иёлати Калифорнияи Амрико дастикам шаш кушта бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, полиси Амрико эълом кард, таҳқиқот барои кашфи иллати тирандозӣ дар Лос Анҷелес оғоз шудааст.

Бар асоси оморҳо, аз ибтидои соли 2016 то кунун беш аз панҷоҳ ҳазор мавриди тирандозӣ дар саросари Амрико гузориш шудааст, ки дар натиҷаи ин тирандозиҳо беш аз дувоздаҳ ҳазору ҳаштсад нафар кушта ва ҳудуди бистушаш ҳазору панҷсад нафар маҷрӯҳ шудаанд.