Сентябр 03, 2022 14:31 Asia/Dushanbe
  • 35-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав бо ҳузури Эрон ифтитоҳ шуд

35-умин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав бо ҳузури Хонаи китоб ва адабиёти Эрон ва беш аз 300 интишорот оғоз ба кор кард.

Ба гузориши ИРНА, дар 35-умин намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон дар ғурфае ба масоҳати 27 метримураббаъ бо мушорикати ройзании фарҳангии Эрон дар Маскав ба муаррифӣ ва арзаи беш аз 150 унвони китоб бо мавзӯҳои адабиёти пойдорӣ ва дифои муқаддас, донишгоҳӣ ва омӯзиши забони форсӣ ба забонҳои форсӣ, англисӣ ва русӣ мепардозад.

Дар ин давра аз намоишгоҳ, беш аз 350 барномаи ҷанбӣ бо ҳузури беш аз 109 нависанда тадорук дида шудааст, ки бахше аз онҳо ба сӯрати маҷозӣ баргузор хоҳад шуд.

70 барнома низ ба гуруҳи синнии кӯдаку навҷавонон ихтисос дорад.

Дар ин давра аз намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав ширкаткунандагоне аз кишварҳои Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Арманистон, Чин ва Олмон ба муаррифии ҷадидтарин осори худ хоҳанд пардохт.

Дар аввалин рӯзи намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав, Козими Ҷалолӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Русия, Ёсири Аҳмадванд, муовини умӯри фарҳангии вазорати фарҳангу иршоди исломӣ ва Ҳусайни Дивсолорӣ, мушовири вазири фарҳангу иршоди исломӣ бо ҳузур дар ғурфаи Хонаи китобу адабиёти Эрон дар ҷараёни фаъолиятҳои ғурфа дар тӯли баргузории ин намоишгоҳ қарор гирифтанд.

35-умин давраи намоишгоҳи байналмилалии китоби Маскав то рӯзи душанбеи панҷуми сентябр дар маркази намойишгоҳии "Гостиный Двор" мизбони алоқамандон ба китоб хоҳад буд.

Ин намоишгоҳ, яке аз бузургтарин ва муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи китоб ва фарҳанг аст.

 

Барчасп